Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад
Бонки миллии Қазоқистон бо ташаббуси яксилсила сиёсати нав ба дунболи табдили Қазоқистон ба қутби блокчейн дар Осиёи Марказӣ аст. Ин иқдом дар чорчӯби ташаккули захираи миллии дороиҳои рақамӣ, ки дорои криптовалютҳои мусодирашуда ва истихроҷшуда аз сӯи давлат хоҳад буд, рӯи даст гирифта шудааст.
Ин пешниҳоди стратегӣ бо ҳимояти Тимур Сулейменов, раиси Бонки миллии Қазоқистон дар посух ба дархости парлумони кишвар матраҳ шуда, қарор аст бо тағйири қонунгузорӣ амалӣ шавад.
Ҳамзамон, Қазоқистон ба таъсиси бонкҳо ва биржаҳои криптовалютӣ дар берун аз чорчӯби Маркази молии Остона (AIFC) фикр мекунад. Ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба монанди Binance ва Bybit аллакай дар ин марказ сабт шудаанд.
Дар моҳи майи соли равон, Қазоқистон минтақаи озмоишии CryptoCity-ро таъсис дод, ки дар он чанд бонки бузург дар ташкили корти криптовалютӣ ширкат варзиданд. Бо ин иқдом, кишвар мехоҳад модели иқтисоди рақамии худро таҳким бахшад.
Ҳарчанд Қазоқистон дар гузашта сеюмин кишвари пешсаф дар истихроҷи Bitcoin буд, аммо камбуди ҷиддии энержӣ ин мавқеъро зери хатар қарор додааст. Пешбинӣ мешавад, ки кишвари мазкур дар соли ҷорӣ бо камбуди 5,7 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешавад.
Барои рафъи ин мушкил, Қазоқистон то соли 2035 Барномаи рушди тавоноии истеҳсоли барқро роҳандозӣ намуда, лоиҳаҳоеро бо ҳамкорӣ бо Русия ва Чин, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи атомӣ дар дасти баррасӣ дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба рақобати афзоянда аз сӯи Ӯзбекистон ва Қирғизистон, мутахассисон мегӯянд, Қазоқистон бояд дар соҳаи танзими қонунгузорӣ ва рушди зерсохторҳо ҷиддитар амал намояд, то нақши калидии худро дар бозори криптовалютӣ нигоҳ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”