Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд
Тибқи иттилои дастрас, 22-юми июли соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки муҳорибаи асосии “Шоми бокс”-и Душанбе рақобати Баҳодур Усмонов ва муштзани камерунӣ Кристофер Муафо мебошад.
Муҳорибаи мазкур унвонӣ буда, варзишгари тоҷик кӯшиш мекунад, ки камарбанди қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабукро зидди Кристофер Муафо, ки дар зинаи панҷуми раддабандии WBO қарор дорад, ҳимоя кунад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Баҳодур Усмонов моҳи майи имсол дар мусобиқаи «IBA.PRO 6» дар раунди сеюм муштзани филиппинӣ Алберт Пагаруро нокаут карда, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.
Аз ҷиҳати муҳимият дуюм рақобати мусобиқа ин муҳорибаи Давлат Болтаев ва муштзан аз Нигерия Соломон Адебайо барои унвони қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental доир мешавад, ки аз 8 раунд иборат мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”