27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
10.07.2025 11:19

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Дар пойтахти Бразилия Саммити солонаи БРИКС бо ширкати роҳбарони кишварҳои аъзо ва кишварҳои нозир доир гардид. Ин нишаст, ки дар фазои тантанавӣ ва пур аз мубоҳисаҳои муҳим сурат гирифт, ба баррасии масъалаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйироти иқлим ва амнияти байналмилалӣ бахшида шуд. Суханронии роҳбарони кишварҳо, аз ҷумла президентҳои Русия, Чин, Бразилия ва намояндагони Ироқ, ки ба ҳайси узви нозир ширкат доштанд, мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳониро рӯшан намуданд.

Президенти Русия Владимир Путин дар суханронии худ ба аҳамияти таҳкими мустақилияти иқтисодии кишварҳои БРИКС таъкид кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар шароити фишорҳои геополитикӣ ва таҳримҳои якҷониба БРИКС метавонад ба ҳайси як платформаи муассир барои рушди иқтисодиёти устувор хидмат кунад. “Мо бояд низоми молиявии мустақилеро эҷод кунем, ки аз таъсири қудратҳои аврупоӣ озод бошад”- гуфт Путин бо ишора ба лоиҳаи эҷоди системаи пардохтҳои байналмилалии БРИКС. Ӯ, ҳамчунин, пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи технология ва энергетикаи нав, аз ҷумла энергияи атомӣ тақвият ёбанд.

“Мо ҳама мебинем, ки дар ҷаҳон тағйироти куллӣ рух медиҳанд. Низоми якқутбаи ҷаҳонӣ, ки фақат ба манфиати кишварҳои сарватманд хидмат мекунад, дигар ба гузашта тааллуқ дорад ва ҷойи онро низоми одилонаи бисёрқутбӣ ишғол мекунад. Кишварҳои БРИКС аз рӯи ҳаҷми умумии ММД аз G7 бо 25% пеш гузаштаанд ва ин нишондиҳанда нишонаи рушди устувори ҳамкориҳои мо мебошад”- афзуд Путин.

Путин ҳамчунин, ба аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетикаи атомӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъкид намуда, аз шарикон даъват кард, ки дар ташаккули модели нави рушди ҷаҳонӣ саҳм гузоранд. Ӯ, инчунин, аз ташаббусҳои фарҳангӣ, аз ҷумла “Интервидение” ҳимоят кард.

“Низоми ҷаҳонии либералӣ аз кор мондааст ва оянда ба бозорҳо ва қудратҳои навхез тааллуқ дорад.”- таъкид кард Путин.

Президенти Чин: Мо дар асри тағйироти бесобиқа қарор дорем

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар суханронии худ ба аҳамияти ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” таъкид карда, гуфт, ки он барои рушди иқтисодии кишварҳои БРИКС ва шарикони онҳо мусоидат мекунад. Ӯ гуфт, ки Чин омодааст сармоягузориро дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва технологияҳои сабз дар кишварҳои БРИКС афзоиш диҳад. “Мо дар асри тағйироти бесобиқа қарор дорем ва ҳамкории мо метавонад суботи ҷаҳониро таъмин кунад”- гуфт Си Ҷинпин.

Чин, ки дар саммити қаблӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай низ нақши муҳим дошт, аз тақвияти робитаҳо бо кишварҳои Осиё ва Африқо, аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳимоят кард.

Эрон аз БРИКС хост ҳамлаи Исроилро маҳкум кунанд

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оғози суханронии худ изҳор дошт, ки БРИКС дар ҳоли ҳозир ба як платформаи муҳимми байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки метавонад дар муқобили якҷонибагароии қудратҳои аврупоӣ ва низоми нобаробари ҷаҳонӣ истодагарӣ кунад. Ӯ гуфт: “БРИКС на фақат як иттиҳоди иқтисодӣ, балки рамзи чандҷонибагароӣ ва адолати ҷаҳонӣ аст. Ин созмон метавонад дар ташаккули низоми нави байналмилалӣ, ки ба манфиати кишварҳои рӯ ба тараққӣ хизмат мекунад, нақши калидӣ бозад”.

Сайид Аббос Ироқчӣ аз кишваҳои БРИКС даъват кард, ки дар муқобили “фишорҳои ғайриқонунии таҳримҳои якҷониба” муттаҳид шаванд ва системаи молиявии мустақилеро таъсис диҳанд, ки аз таъсири доллар ва созмонҳои молиявии ғарбӣ озод бошад. Ӯ ба пешниҳоди Русия барои эҷоди як системаи пардохтҳои байналмилалии БРИКС ишора карда, онро “гоми муҳим” дар роҳи коҳиши вобастагӣ ба низоми молиявии ҷаҳонӣ номид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.