27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
10.07.2025 10:41

Ҳамос бо озод кардани 10 асири исроилӣ барои оғози музокирот розӣ шудааст

Ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос эълон кард, ки барои суръат бахшидан ба ҷараёни музокироти сулҳ ва ба ҳадаф расонидани кӯшишҳои байналмилалӣ ба озод кардани 10 асири исроилӣ омода аст.

Ҳамос дар як изҳорот таъкид кардааст, ки роҳбарони ҳаракат ба таври фишурда ва масъулона барои муваффақияти музокироти ҷорӣ, ки бо ҳадафи поён бахшидан ба ҷанг, таъмини вуруди озоду амни кумакҳои башадрӯстона ва кам кардани ранҷу машаққати мардуми Ғазза ҷараён дорад, талош доранд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки дар ҳамин замина Ҳамос бо нишон додани чандандешии лозим як қадами амалиро ба сӯи пешбурди музокирот гузоштааст. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои калидӣ ҳамоно дар рӯи мизи музокирот боқӣ мондаанд, аз ҷумла талаботи асосии Ҳамос барои хуруҷи комили неруҳои ишғолгари Исроил дар Навори Ғазза, таъмини расониши мунтазами кумакҳо ва пешниҳоди кафолатҳои воқеӣ барои барқарорсозии оташбаси доимӣ.

Ҳамос дар поёни изҳороташ афзуда, ки музокирот бо меонаҳо ва сарпечиҳои Исроил рӯ ба рӯ аст, “дар ҳоле ки Ҳамос бо руҳи мусбат ва ҷидду ҷаҳд бо миёнҷигарон ҳамкориро идома медиҳад, то ин монеаҳо бартараф шаванд ва ранҷи мардуми Фаластин поён ёбад”. Инчунин, таъкид гардида, ки иҷрои талаботи қонунии мардуми Фаластин дар самти озодӣ, амният ва зиндагии бошарафона ҳадафи аслии Ҳамос боқӣ мемонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.