Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон расман хостори пайвастан ба лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон шуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ хоҳиши пайвастан ба лоиҳаи стратегии роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро иброз доштааст. Ин иқдом, ки ҳадафаш густариши ҳамбастагии нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст, дар ҳошияи нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин матраҳ гардид.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо ҳамтои чинии худ Лю Вэй хостори ҳамроҳшавии Душанбе ба ин лоиҳаи бузург шудааст. Ин лоиҳа аз моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон оғоз шудааст ва қарор аст, Қошғари Чинро ба воситаи Тургарт, Макмол ва Ҷалолобод ба Андиҷони Ӯзбекистон пайваст кунад.
Роҳи 532 километрии CKU (China-Kyrgyzstan-Uzbekistan) иқтидори ҳамлу нақли 15 миллион тонна борро дар сол дошта, алтернативае барои пайвандҳои феълӣ бо Чин ба воситаи Қазоқистон маҳсуб меёбад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар суханрониаш таъкид кардааст, ки минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай бояд ба ҳайси пули стратегӣ миёни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб фаъол шавад. Ӯ ба зарурати таҳкими устувории занҷираҳои таъминотӣ, рақамикунонӣ, коҳиши партови карбон ва рушди логистикаи “сабз” таъкид намуд.
Аз ҷумла, Тоҷикистон ташаббусҳои навбатии зерини ҳамгироиро пешниҳод кард. Эҷоди платформаи рақамии ягона барои сода ва шаффоф кардани равандҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои узи Созмони ҳамкории Шанхай; Рушди роҳравҳои байналмилалии транзитии Чин-Қирғизистон, Тоҷикистон- Афғонистон – Покистон то баҳри Ҳинд ва Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон- Туркия то Аврупо; Тақвияти долони Транс-Каспӣ ва эҳёи инфрасохторҳои транзитии Афғонистон, ки барои боз кардани масирҳои нави тиҷоратии минтақавӣ ҳаётӣ арзёбӣ мешавад.
Бар асоси созишномаи имзошудаи моҳи июни соли 2024 дар Пекин роҳи оҳани нав дар оянда метавонад ба гузаргоҳи муҳимми транзитии байниминтақавӣ ва ҳатто байни қитъавӣ табдил ёбад. Таъсири он на фақат ба кам кардани вобастагӣ аз долони Қазоқистон, балки ба болоравии аҳамияти геоиқтисодии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҳоло Тоҷикистон равона хоҳад шуд.
Пайвастани Тоҷикистон ба ин лоиҳа метавонад на фақат имкониятҳои транзитии кишварро густариш диҳад, балки ба таҳкими ҷойгоҳи он дар нақшаи стратегии ҳамгироии минтақавӣ ва тиҷорати байниқитъавӣ мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”