27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
09.07.2025 12:42

Садир Жапаров чанд бор ба Тоҷикистон омад ва ҳадафи сафарҳои расмии ӯ чӣ буд?

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров як қатор сафарҳои муҳимми расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, ки ҳадафи асосии он таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ будааст.

Садир Жапаров бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Дар барномаи ин сафар музокироти дуҷониба, мулоқот бо раисони ҳар ду палатаи парлумон ва сарвазир, имзои як қатор ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ, ҳамчунин, баёнияи муштараки сарони давлатҳо дар назар дошта шудааст.

Ин сафари Садир Жапаров дар посух ба сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки дар моҳи марти соли 2025 ба Қирғизистон анҷом гирифта буд. Дар он вақт рӯйдоди асосӣ имзои Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ва қарори аз сар гирифтани фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ буд.

Сафари расмии аввалини Садир Жапаров ба Тоҷикистон дар мақоми президенти Қирғизистон 28-29-уми июни соли 2021 сурат гирифта буд. Ин сафар дар пайи гуфтугӯи телефонии ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки ба вазъияти танишзо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Дар ҷараёни ин сафари расмӣ мулоқоти рӯ ба рӯи сарони ду кишвар ва сипас музокироти васеъ бо ҳайатҳо доир гардид. Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати ҳамкории созанда ва рушди робитаҳои дуҷониба таъкид намуд. Дар ҳамин ҳол Садир Жапаров омодагии худро барои пешгирӣ аз такрори муноқишаҳо ва таҳкими робитаҳои бародарона миёни ду мардум изҳор дошт.

17-18-уми сентябри соли 2021 Садир Жапаров дар нишастҳои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир шуданд, ширкат кард. Дар ин ҳамоишҳо роҳбарони кишварҳои аъзо, кишварҳои нозир ва шарикони муколама ширкат варзида, масъалаҳои амният ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуданд.

14-15-уми сентябри соли 2023 Садир Жапаров дубора ба Душанбе ташриф овард. Ин навбат барои ширкат дар панҷумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Дар доираи ин сафар ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Дар он мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд. Сарони кишварҳо ба зарурати муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамсоягии нек таъкид карданд.

31-уми марти соли 2025 Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба шаҳри Хуҷанд барои ширкат дар саммити сеҷонибаи Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ташриф овард.

Дар майдони ҳавоӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро истиқбол гирифт. Дар ҷараёни ин сафар музокироти дуҷониба доир шуд, ки дар он масъалаҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика ва робитаҳои фарҳангию инсонпарварона муҳокима шуданд. Сарони давлатҳо протоколеро оид ба мубодилаи санадҳои тасдиқкунанда имзо карданд, ки созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни ду кишварро ба таври расмӣ таъйид менамояд.

Дар доираи ҳамин ҳамоиш, президентҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Созишномаи таъйини нуқтаи сеҷонибаи марзи давлатӣ миёни кишварҳоро ба имзо расониданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.