26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:39, Душанбе
09.07.2025 12:02

Ҷозибаҳои табиат ва таърихи Хатлон дар соли 2025 беш аз ним миллион гардишгарро ҷалб кардааст

Вилояти Хатлон қалби таърих ва табиати Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 мизбони 554,498 сайёҳ, аз ҷумла 45,970 меҳмони хориҷӣ ва 508, 528 сайёҳи дохилӣ буд. Ин омор, ки аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нашр шуд, аз афзоиши бесобиқаи таваҷҷуҳ ба ин минтақаи дорои мероси бойи таърихӣ ва табиати нотакрор шаҳодат медиҳад.

Хатлон бо 940 ёдгорӣ ва мавзеи таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили Қалъаи Ҳулбук, Тахти Сангин, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва зиёратгоҳи Чилучорчашма ба як маркази муҳимми ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст. Ин мавзеъҳо дар канори манзараҳои дилфиреби кӯҳҳои сарбафалак, рӯдҳои зулол ва чашмаҳои шифобахш, ба монанди Сари Хосор ва Чилдухтарон, ба Хатлон ҷаззобияти хосае бахшидаанд, ки ҳамасола садҳо нафарро ба ин минтақа мекашад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ вилояти Хатлон бо 120 меҳмонхона, 252 истироҳатгоҳ, 142 тарабхона, 128 чойхона, 45 осорхона ва 50 хонаи пазироии меҳмон (ҳомстей) барои қабули сайёҳон хуб муҷаҳҳаз аст. Илова бар ин, 371 банкомат, 69 мағозаи фурӯши армуғон ва 26 маркази иттилооти сайёҳӣ ба меҳмонон хизмат мерасонанд. Ин инфрасохтор, дар якҷоягӣ бо 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 115 зиёратгоҳ, шароити мусоидеро барои истироҳат ва кашфи мероси Хатлон фароҳам овардааст.

Хатлон на фақат бо табиат ва таърихи худ, балки бо ҳунарҳои мардумии ғании худ низ машҳур аст. Чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, чӯбтарошӣ ва заргарӣ, аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошанд, ки дар намоишгоҳҳо ва фестивалҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, обрӯи фарҳанги тоҷикро баланд мебардоранд. Мағозаҳои армуғон дар саросари вилоят маҳсулоти дастсози ҳунармандони маҳаллиро ба сайёҳон пешкаш мекунанд, ки аксаран ҳамчун нишонаи фарҳанги пурғановати Хатлон харидорӣ мешаванд.

Тибқи таҳлилҳо теъдоди сайёҳони хориҷие, ки ба Хатлон сафар мекунанд, пайваста афзоиш меёбад. Мавзеъҳое чун мақбараи Имом Зайналобиддин, зиёратгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва Қалъаи Муъминобод, аз ҷумла маконҳои маъруфе мебошанд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардаанд. 19 ширкати сайёҳии фаъол дар вилоят нақши калидӣ дар таблиғи ин мавзеъҳо ва ҷалби меҳмонони хориҷӣ бозӣ мекунанд.

Мақомоти вилояти Хатлон талош доранд, ки бо такмили инфрасохтор ва таблиғи бештари иқтидори сайёҳии минтақа Хатлонро ба як маркази муҳимми сайёҳии Осиёи Марказӣ табдил диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши талабот ба сайёҳии экологӣ ва фарҳангӣ дар бозори ҷаҳонӣ Хатлон бо манзараҳои нотакрор, ёдгориҳои таърихӣ ва меҳмоннавозиҳои мардуми худ омодааст, ки дар солҳои оянда шумораи бештари сайёҳонро пазироӣ кунад.

Ин сафари афзояндаи сайёҳон ба Хатлон на фақат нишонаи ҷаззобияти табиӣ ва фарҳангии он, балки тасдиқи муваффақияти Тоҷикистон дар муаррифии худ ҳамчун як макони муҳимми сайёҳии ҷаҳонӣ мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.