26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:37, Душанбе
09.07.2025 11:29

Вазири собиқи Афғонистон: “Ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия “бозии амниятмеҳвар” аст”

Русия ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият шинохт ва ба сафири ин гурӯҳ Гул Ҳасан иҷоза дод, ки дар сафорати Афғонистон дар Маскав фаъолият кунад. Ин хабар, ки аз сӯи хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд, вокунишҳои густурдаеро дар Афғонистон ба миён овард.

Масъуд Андаробӣ, Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон дар мақолаи худ, ки рӯзи 8-уми июли соли 2025 дар хабаргузоии “Авҷнюз” нашр шуд, ба ин қарори Русия вокуниш нишон дода, онро “бозии амниятмеҳвар” номид. Ӯ навишт, ки ин тасмим дар миёни мардуми Афғонистон хашму нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Масъуд Андаробӣ афзуд, ки ин иқдоми Русия метавонад паёмадҳои манфии сиёсӣ ва амниятӣ барои Афғонистон дошта бошад.

Ба навиштаи Масъуд Андаробӣ ин қарори Русия дар пасманзари талошҳои ин кишвар барои таҳкими нуфузи худ дар минтақа сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, ки Маскав бо ин иқдом мехоҳад мавқеи худро дар муқобили рақибони Ғарб мустаҳкам кунад, аммо ин кор метавонад ба нооромии бештар дар Афғонистон ва минтақа оварда расонад.

“Ба расмият шинохтани Толибон ба воситаи бархе кишварҳо заруратан ба маънои пазириши рафторҳо ва назми сиёсии онҳо нест. Русия, монанди Чин мумкин аст аз раҳгузари таомули маҳдуд ва амниятимеҳвар бо Толибон сирфан дар пайи маҳори таҳдидҳои минтақаӣ бошад, на ҳимоят аз ҳукумати саркубгари Толибон” – зикр кард Масъуд Андаробӣ.

Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон Масъуд Андаробӣ таъкид мекунад, ки таҳлили вазъияти Афғонистон нишон медиҳад, Чин эҳтимолан дуюмин кишваре хоҳад буд, ки Толибонро ба расмият бишиносад. Ӯ бо ишора ба таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистон таъкид мекунад, ки сиёсати Чин дар қиболи Толибон низ амниятмеҳвар буда, мехоҳад ба воситаи иртиботи дипломатӣ аз хатари густариши ифротгароӣ пешгирӣ кунад.

“Чин, бар хилофи Русия тарҷеҳ медиҳад, аз тариқи каналҳои тиҷоратӣ ва кумакҳои молии ғайрирасмӣ Толибонро таҳти контрол дошта бошад. Ин роҳбурд на фақат ҳазинаи каме дорад, балки бори дипломатии чандоне низ надорад. То замоне, ки ин шева ҷавоб медиҳад ва амнияти марзҳои ғарбии Чин таъмин мешавад, ба гумон аст, Пекин вориди марҳилаи расмисозии робита бо Толибон шавад”- менависад Масъуд Андаробӣ.

Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳад, ки мумкин аз ин робитаҳои амниятмеҳвар Толибон суйистифода кунанд ва онро ба унвони “пазириши ҷаҳонӣ” таъбир намоянд. Ин кор метавонад дар дохили Афғонистон барои саркӯби бештари мардум ва дар хориҷ барои афкори умумӣ мавриди истифода қарор гирад. Ӯ мегӯяд, бо ин далел робита бо Толибон бояд бо “шаффофият, машрутият ва ҳадафмандии рӯшан” сурат гирад.

“Он чи имрӯз миёни Русия ва Толибон дар ҳоли вуқуъ аст, бештар ба як таомули изтирории амниятӣ шабоҳат дорад, то иттиҳоди сиёсӣ. Бо чунин рафторҳое номутаъориф ва башиддат амниятӣ Толибон наметавонанд иддаои машруият ва пазириш дошта бошанд ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд ҳушёр бошад, ки чунин таомулоте ба ҷои машруиятсозӣ барои Толибон, ба манзури маҳори таҳдидҳои амниятии минтақаӣ тарроҳӣ шудаанд”- гуфт Масъуд Андаробӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.