Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад
Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи сешанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ифтитоҳ гардид: иқдоме, ки мақомот онро як қадами муҳимми стратегӣ дар роҳи саноатишавии кишвар арзёбӣ мекунанд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони намудани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи асосии он ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии миллӣ аст.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши нассоҷиро шарҳ дода, онро аз бахшҳои ояндадор ва калидии саноати кишвар ном бурд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон захираҳои кофии ашёи хом, қувваи кории рақобатпазир ва иродаи сиёсӣ барои рушди соҳа дорад.
“Форуми байналмилалии нассоҷӣ на фақат як платформаи намоиши маҳсулот, балки саҳнаест барои гуфтугӯҳои стратегӣ, ташкили ҳамкорӣ шиносоии сармоягузорон бо имкониятҳои фаровони кишвар дар ин бахш” – иттилоъ дод Вазорати саноат ва технологияҳои нав.
Форум аз як зумра ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, мулоқотҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва ҳукуматӣ, инчунин, намоишгоҳҳои таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷии дохиливу хориҷӣ иборат аст. Намояндагони байналмилалӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар он ҳузур доранд.
Дар шароите, ки Тоҷикистон барои табдил ёфтан ба як кишвари саноатии рушдкунанда талош мекунад, баргузор шудани чунин платформаҳои байналмилалӣ метавонад ба таҳкими занҷираҳои арзишӣ, ҷорӣ кардани технологияи нав ва рушди содироти маҳсулоти нассоҷӣ замина гузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”