Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст
Дар натиҷаи як амалиёти муштараки ҷангиёни фаластинӣ дар Навори Ғазза тақрибан 20 низомии исроилӣ захмӣ шудаанд, ки ҳолати 4 нафари онҳо бисёр вазмин арзёбӣ мегардад. Эҳтмоли афзоиши теъдоди қурбониён хеле зиёд аст.
Ба гузориши бахши ибрии хабаргузории “Тасним” расонаҳои ибризабон хабар доданд, ки ин амалиёт чунон густурда ва ногаҳонӣ буд, ки артиши Исроил дастури фаъол кардани механизми “Ҳанибал” –ро содир кардааст, то ягон сарбози исроилӣ зинда ба дасти ҷангиёни фаластинӣ асир наафтад.
Расонаҳои ибрӣ ин ҳодисаро хатарнок арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки чархболҳои низомии Исроил барои интиқоли кушташудаҳо ва захмиён ба маҳалли ҳодиса фиристода шудаанд, дар ҳоле ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ин минтақаи амалиётро шадидан бомбаборон мекунанд.
Бархе аз шабакаҳои хабарии фаластинӣ низ таъкид кардаанд, ки чанд мошини зиреҳпӯши исроилӣ ва ҷасадҳои сарбозони Исроил дар маҳалли амалиёт сӯхта истодаанд.
Баъзе расонаҳои ибрӣ гузориш доданд, ки шиддати инфиҷори аввалин дар ин амалиёти муштарак ба ҳадде буд, ки садои он дар шаҳри Ашқелон низ шунида шудааст.
Ба ривояти расонаҳои ибрӣ ҳодисаи аввал дар шаҳри Байт Ҳанун рӯй додааст, ки дар он як бомбаи бузург дар дохили як мошини зиреҳпӯш, ки шумораи зиёде аз низомиёни Исроилро интиқол медод, таркида аст. Амалиёти дувум низ дар ҳамин минтақа анҷом ёфтааст, ки бар зидди як мошини интиқолдиҳандаи муҳимот буд ва бо истифода аз як мушаки зидди зиреҳ ҳадаф қарор гирифта, таркидааст.
Баъзе каналҳои шабакаҳои иҷтимоии марбут ба сокинони яҳудии шаҳракҳо таъкид мекунанд, ки даргирии миёни низомиёни исроилӣ ва ҷангиёни фаластинӣ дар маҳалли ду таркиш ҳанӯз идома дорад. Ҳамзамон, бархе аз расонаҳо шумораи таркишҳоро се адад арёбӣ мекунанд.
Ба навиштаи расонаҳои ибрӣ, ин ҳодиса дақиқан ҳамзамон бо оғози нишасти Бенямин Нетаняҳу бо Стив Уиткофф рӯй додааст ва Нетаняҳу маҷбур шуда, мулоқоташ бо Трампро қатъ карда, ба вазъияти бавуҷудомада расидагӣ кунад. Баъзе шабакаҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки яке аз захмиён як афсари олирутбаи артиши Исроил будааст.
Ҳамин расонаҳо аз мавҷудияти чанд ҷасади сӯхта дар маҳалли таркиш хабар медиҳанд, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил аз гум шудани чанд сарбоз хабар медиҳад ва ба ҳамин хотир шумораи бештаре аз неруҳои низомиро ба маҳалли амалиёт фиристодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”