Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо содир кардани як қарор расман эълон кард, ки аз 1-уми августи соли 2025 ба воридоти тамоми молҳои истеҳсолии Қазоқистон боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 25% ҷорӣ мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, посух ба “сиёсати нобаробарии тиҷоратӣ ва мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ ва ғайригумрукӣ аз ҷониби Қазоқистон” аст.
“Мо солҳо талош кардем, то муносибатҳои тиҷоратиро бо Қазоқистон баррасӣ ва тавозуни тиҷоратиро барқарор кунем. Аммо, мутаассифона, ин робитаҳо то ҳол ба манфиати дуҷониба табдил нашудаанд”- зикр намуд Доналд Трамп
Амрико ҳамчунин, боҷи 25% барои Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия 30%, барои Африқои Ҷанубӣ, Ветнам, Лаос ва Мянма 40% ҷорӣ мекунад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба гуфтаи Вашингтон бо ҳадафи “муҳофизат аз манфиатҳои миллӣ ва барқарор кардани тавозуни савдо” роҳандозӣ мешавад.
Президенти Амрико, ҳамчунин, таҳдид кард, ки агар кишварҳо дар посух ба ин иқдомҳо чораҳои ҷавобӣ андешанд, Амрико метавонад мизони боҷи гумрукиро боз ҳам боло барад. Ӯ таъкид кард, ҳар кишваре, ки ба сиёсати “зиддиамрикоӣ”-и гурӯҳи БРИКС ҳамроҳ мешавад, инчунин, бо боҷи иловагии 10 фоиз рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Трамп афзуд, молҳое, ки ба воситаи кишварҳои дигар ба Амрико интиқол меёбанд, бо мақсади гурез аз боҷи баланд низ ба ҳамин андозаи боҷ муқаррар хоҳанд шуд.
Қарори нави Трамп дар пайи мутаваққиф шудани татбиқи пешини боҷи 27% ба молҳои Қазоқистон, ки дар 2-уми апрели соли 2025 тасдиқ шуда буд, амалӣ мегардад. Он замон, баъд аз эътирозҳо ва нооромӣ дар бозорҳои молиявӣ Трамп иҷрои боҷи навро муваққатан ба таъхир андохта, як сатҳи камтари боҷи 10% -ро муқаррар карда буд. Муҳлати ин таъхир рӯзи 9-уми июл ба поён мерасад.
Ба иттилои вазири молияи ИМА Скотт Бессант агар кишварҳо то 1-уми август дар музокироти тиҷоратӣ бо Вашингтон ба пешрафт ноил нашаванд, боҷи пурра ба таври қатъӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ ин боҷи гумрукӣ ба ширкатҳое, ки молҳояшонро дар дохили хоки Амрико истеҳсол мекунанд, таъсир нахоҳад расонд. Амрико изҳор доштааст, ки ҳадафи ин чораҳо “ҳамкориҳои воқеан мутавозин ба манфиати ҳар ду ҷониб” аст.
Ҳанӯз мақомоти Қазоқистон ба ин иқдоми навбатии Амрико расман вокуниш накардаанд, аммо коршиносон интизор доранд, ки он метавонад ба робитаҳои тиҷоратии ду кишвар ва ба воситаи он ба равандҳои транзитӣ ва шарикии минтақавӣ таъсир расонад.
Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон як узви фаъоли ташаббусҳои бисёрҷониба, ба мисли БРИКС, СПЕКА ва ШОС мебошад ва дар соли 2025 кӯшиш дорад, ҷойгоҳи геоиқтисодии худро тақвият бахшад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад