27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
08.07.2025 11:42

Озода Махкамова: “Аввал таҳсилу таҷрибаомӯзӣ баъд хизмат ба Ватан”

Тайи солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишнома имзо гардида, ҷавонони зиёд аз ҳисоби бурсияҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд. Ин иқдом ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бештару беҳтар касбҳои бозоргирро дар беҳтарин муассисаҳои олии касбӣ аз худ карда, мутахассиси сатҳи баланд гарданд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар макотиби миёна ва олии касбии хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд, ки умед аст пас аз хатм ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд.

Ҳамсуҳбати мо Озода Махкамова мебошад. Ӯ соли 2018 Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси нармафзор хатм карда, барои идомаи таҳсил ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кардааст. Дар кишвари мазкур аз соли 2018 то соли 2021 дар зинаи магистратура таҳсил намуда, баъди хатм ба зинаи доктор PhD шомил гардидааст. Айни ҳол докторанти Донишгоҳи Конгуки Кореяи Ҷанубӣ буда, дар баробари навиштани кори илмӣ, ҳамзамон ба кори тарҷумонӣ машғул аст.

ИНТИХОБИ ҒАЙРИМАЪМУЛӢ

11 сол пеш, соли 2013, ки дар макотиби олии кишварамон талабгорони ихтисоси муҳандиси нармафзор чандон зиёд набуданд, Озода Махкамова рӯ ба ин соҳа овард. Аввалин суоле, ки аз ӯ пурсидем ба қавле интихоби ғайримаъмулиаш буд. Дар ҷавоб чунин гуфт:

- Ман аз хурдӣ медонистам, ки ба фанҳои равияи гуманитарӣ таваҷҷуҳи кам дорам. Баръакс, ба илмҳои дақиқ диққати зиёд медодам ва махсусан метаматикаву информатикаро ниҳоят зиёд дӯст медоштам. Ҳамин тавр шуд, ки пешопеши ба донишгоҳ дохил шудан миёни математика ва информатика дуюмиро интихоб кардам ва аз ин  интихобам ҳама наздикон розӣ буданд. Зеро онҳо ҳам ба фикре  буданд, ки аз ихтисосҳои маъмулӣ дида, дар оянда соҳаи техника, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва ғайраҳо бозоргир мешаванд. 

МАКОНИ НАВ - ИМКОНОТИ НАВ

Таҳсил дар хориҷи кишварро Озода ҳамеша чун имкони нав ва амалишавии орзуҳо медонад. Ҳатто замони мактабхонӣ як муддат ба омӯзиши забони англисӣ пардохт, то ки маълумоти олиро дар Амрико гирад. Аммо чун дарк кард, ки чунин имконро надорад, ба хулосае омад, ки ҳадди ақал пас аз зинаи бакалавриат бояд ба хориҷи кишвар биравад.

- Ман ҳамеша ба фикре будам, ки дар баробари таҳсил дар кишвари худ, барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва дониши касбӣ ҳатман дар давлатҳои пешрафта илм омӯхтан лозим аст. Вақте ки дар курси дуюм мехондам, ният кардам, ки таҳсиламро дар Кореяи Ҷанубӣ идома медиҳам, зеро барои омӯхтани соҳаи IT кишвари мазкур хеле мувофиқ аст.  Ҳамин тавр, зиёда аз як сол забони кореягиро омӯхтам ва гирандаи стипендияе, ки таҳсил дар зинаи магистратураро ройгон таъмин мекунад, шудам. Хушбахтона, ҳеҷ вақт волидонам барои таҳсили ман садди роҳ нашудаанд, балки ҳамеша дастгирам ҳастанд ва барои ба Корея омаданам ҳам розӣ буданд, - гуфт ӯ.

РОҲИ МУШКИЛ, АММО ОЯНДАДОР

Маълум аст, ки илмомӯзӣ берун аз кишвар, махсусан барои духтари тоҷик кори осону сода нест. Дар идомаи суҳбат аз Озода доир ба мутобиқшавӣ ва душвориҳои таҳсил дар Кореяи Ҷанубӣ пурсидем.

- Мутобиқшавӣ дар Корея барои ман душвор набуд, зеро кореягиҳо бо тоҷикон умумияти зиёд доранд. Аз ҷулма, муносибат дар оила, ғамхориву таҳаммулпазирӣ доштан ва ғайраҳо. Аммо дар масъалаи таҳсил хеле душвориро эҳсос кардам. Чун дониши азбаркардаи ман дар муқоиса бо бархеҳо нокифоя буд, дар нимсолаи аввал хеле азоб кашидам. Забондонӣ, дарсҳои мушкил ва вазифаҳои аз меъёр зиёд сарборӣ буданд. Албатта, он замон ман фикри тарки таҳсилу баргаштан ба Ватанро накардам, аммо дилозурдагӣ ва руҳафтодагӣ доштам,- иброз дошт Озода.

Ҳамсуҳбати  мо пас аз хатм, ба зинаи доктор PhD қабул шуда, ҳоло ба таҳқиқ машғул аст. Мегӯяд таҳсил дар зинаи доктор PhD аз магистратура ба кулли фарқ карда, устодон бо ӯ дигар на чун донишҷӯ, балки ба ҳайси муҳаққиқ ва омӯзгор муносибат мекунанд.

- Мувофиқи қоида бояд ҳар докторант мақолаҳои илмиашро дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ нашр намоям. Ман дар талошам, ки то тобистон ду-се мақолаамро дар маҷаллаҳои тақризшаванда нашр кунам, - илова кард ӯ.

Озода моҳона 800 доллари амрикоӣ идрорпулӣ мегирад ва мегӯяд, ки дар муқоиса бо нарху навои бозор ва хизматрасониҳо барои зиндагӣ кардан басанда аст. Ҳамчунин, дар баробари таҳсил ба кори тарҷумонӣ, аз забон кореягӣ ба забони англисӣ ё баръакс машғул мешавад.

- Дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам ва агар рӯзе дар донишгоҳ дарс набошаду вақти холӣ дошта бошам, дар хона хӯрок пӯхта мехӯрам. Албатта, хӯрокоҳои модарамро ёд кардаам, аммо худам ҳам оши палав, мастоба, шурбо ва ғайраҳо мепазам. Муносибати устодон ва умуман мардуми ин ҷо самимӣ аст. Ба ман зиндагӣ дар ин давлати пешрафта писанд аст ва мекӯшам, ки донишу таҷрибаи зиёд бигирам, - афзуд Озода.

Чун Озода бо фарқ аз аксари донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест, аз ӯ сабаб пурсидем, ки чунин посух дод:

- Мехоҳам доир ба таҳсилу зиндагиам дар Кореяи Ҷанубӣ ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нақл кунам, аммо барои фаъол шудан дар фазои маҷозӣ вақт намеёбам. Фикр мекунам, ҳоло вақти омӯзиш ва худсозӣ аст. Дар оянда шояд фаъол шавам, аммо ҳоло не.

“МЕХОҲАМ БА ВАТАНАМ ХИЗМАТ КУНАМ”

Ҳамчунин, дар охири суҳбат Озода ба мо аз нақшаҳои созандааш барои рушди Ватанамон нақл кард, ки хеле шавқоваранд.

- Дар ҳоли ҳозир нақша дорам, ки кори докториамро ҳимоя кунам. Сипас, дар ягон ширкати ин кишвар ҳадди ақал як сол кор карда, таҷриба омӯзам ва баъдан ба Ватан баргашта ширкати IT-и худамро, ки имкони пешниҳоди хизматрасониҳои гуногунро дошта бошад, таъсис диҳам. Бо таъсиси ширкат мехоҳам ба Ватанам хизмат кунам ва дар рушди технологияҳои нав дар кишварам саҳмгузор бошам.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.