Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Путин: “БРИКС дар ҳоли табдил шудан ба як қувваи ҷаҳонии воқеӣ аст”
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар як паёми видеоӣ ба Маҷлиси умумии гурӯҳи БРИКС дар шаҳри Рио-де Жанейро аз нуфуз ва иқтидори афзояндаи ин эътирофи иқтисодиву сиёсӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, БРИКС имрӯз дигар на фақат як платформаи минтақавӣ нест, балки ба як маркази таъсиргузори ҷаҳонӣ табдил меёбад, ки метавонад ҷойгузини сохторҳои суннатии ҷаҳонӣ шавад.
Путин таъкид кард, ки кишварҳои БРИКС ҳоло бо фарогирии сеяки масоҳати кураи замин ва 40 фоизи иқтисоди ҷаҳонӣ дорои иқтидори азими сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ мебошад.
Путин дар паёми худ ба муқоисаи мустақим бо Гурӯҳи 7 - як эътилофи иқтисодии кишварҳои пешрафта ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, тавлиди нохолиси миллии кишварҳои БРИКС аз рӯи қудрати харидорӣ ба 77 триллион доллар расидааст, дар ҳоле ки ҳамин нишондиҳанда барои G7 фақат 57 триллион доллар аст.
“Ин далел нишон медиҳад, ки маркази иқтисоди ҷаҳонӣ тадриҷан ба сӯйи кишварҳои рӯ ба рушд мегузарад” – таъкид намуд Владимир Путин.
Як бахши муҳимми суханронии Путин ба зарурати таъсиси системаи мустақил ва ҳисоббаробаркунӣ дар доираи БРИКС бахшида шуд. Ӯ пешниҳод кард, ки дар платформаи БРИКС як низоми молиявии алтернативӣ бо истифода аз асъори миллӣ таъсис ёбад.
Ба гуфтаи Путин саҳми рубли русӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ бо кишварҳои БРИКС дар соли 2024 ба 90% расидааст, ки ин нишондиҳандаи рӯ овардан ба асъори миллӣ ва коҳиши вобастагӣ ба доллари амрикоӣ аст.
Президенти Русия пешниҳод кард, ки як платформаи сармоягузории БРИКС таъсис ёбад, ки ҳадафаш ҷалби сармоя барои кишварҳои узв ва ҳамчунин, кишварҳои Global South ва Шарқи рӯ ба рушд бошад.
“Мо бояд абзорҳои навро барои ҳимоят ва пуштибонӣ аз сармоя дар иқтисоди кишварҳои худ таҳия кунем. Ин як имконияти таърихист”- афзуд Путин.
Президенти Русия изҳор дошт, ки назми либералии ҷаҳонишавӣ дар ҳоли аз миён рафтан аст ва маркази иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон тадриҷан ба кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла аъзои БРИКС кӯч мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”