27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
08.07.2025 11:23

“Ҳизби Амрико”. Илон Маск бар зидди низоми дуҳизбии Амрико қиём мекунад

Илон Маск, сарватмандтарин марди ҷаҳон ва мудири иҷроияи ширкати Тесло бо эълони таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Ҳизби Амрико” низоми сиёсии дуҳизбии Иёлоти Муттаҳидаро таҳти суол қарор дод. Ӯ ин иқдомро посухе ба “низоми фасодзадае, ки дигар мардуми Амрикоро намояндагӣ намекунад” унвон кард.

Маск рӯзи 5-уми июл ба воситаи шабакаи иҷтимоии худ “Х” хабар дод, ки Ҳизби Амрико расман таъсис шуд. Ӯ гуфт, ки “имрӯз Ҳизби Амрико таъсис ёфт, то озодии шуморо бозгардонад”.

Ин эълон дар пайи як назарсанҷии рӯзи истиқлолияти Амрико сурат гирифт, ки бар асоси он бо нисбати 2 б 1 мардум аз таъсиси як ҳизби сеюм ҷонибдорӣ кардаанд. Маск низ дар посух навишт, ки “мардуми Амрико як ҳизби нав мехоҳанд”.

Ба гуфтаи Маск ҳизби нав на барои пирӯзӣ дар интихоботи умумии президентӣ, балки барои ба даст овардани аз 10  то 12 курсӣ дар палатаи намояндагон ва Сенат талош хоҳад кард. Ҳадаф ташкили як фраксияи мустақили сеюм дар Конгресс аст, ки бе вобастагӣ ба демократҳо ё ҷумҳурихоҳон битавонад қонунҳои зиёноварро манъ ё таҳти назорат гирад.

Ин равиш, ба бовари Маск метавонад қудрати музокираро бо ҳар ду ҳизби асосӣ таъмин кунад.

Тибқи омори Комиссияи миллии интихоботи Амрико Маск дар интихоботи соли 2024 277 миллион доллар ба маъракаҳои интихоботии Доналд Трамп ва дигар номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ кумак кардааст. Ин бузургтарин миқдори кумакҳои инфиродӣ аз соли 2010 ба ин сӯ мебошад.

Агар Маск ин маблағҳоро ба номзадҳои “Ҳизби Амрико равона кунад, метавонад натиҷаи интихоботи сенат ва конгрессро тағйир диҳад. Бархе таҳлилгарони муҳофизакор ҳушдор медиҳанд, ки таъсиси ҳизби сеюм метавонад сабади раъйи ростгароёнро пора кунад ва дар ниҳоят роҳи пирӯзии демократҳоро осон кунад.

Шон Фараш, як таҳлилгари муҳофизакор дар “Х” навишт: “Илон Маск, ҳизби сеюми ту овозҳоро тақсим мекунад ва барои пирӯзии чапгароён замина фароҳам месозад”. Бо вуҷуди ин, дар шиддати ихтилоф Доналд Трамп ба таъсиси ҳизби Маск бо эҳтиёт вокуниш нишон дода, гуфт: “Илон метавонад бо ҳизби наваш масруф шавад, аммо фикр мекунам, ин як фикри аҳмақона аст”.

Илон Маск таъсиси ҳизбро як рӯз баъд аз тасвиби “қонуни бузург ва зебо” аз ҷониби Трамп анҷом дод. Қонун дар баробари поин бурдани андоз, маблағгузорӣ ва тарҳҳои энергеяи сабзро лағв мекунад.

Маск, ки аз афзоиши қарзи миллии Амрико изҳори нигаронӣ кардааст, мегӯяд, иҷрои ин қонун метавонад иқтисоди кишварро ба варшикастагӣ барад. Пешгӯиҳои мустақил мегӯянд, ки ин қонун метавонад ба қарзи Амрико 3,9 триллион доллар зам кунад.

Дар таърихи Иёлоти Муттаҳида ҳизбҳои сеюм аксаран ноком будаанд, аммо баъзан тавонистаанд таъсири сиёсии қавӣ дошта бошанд. Масалан, Теодор Рузвелт дар соли 1912 бо ҳизби “Bull Moose” ҷойи дуюмро гирифт. Ҷорҷ Уоллес дар соли 1968 бо платформаи популистӣ ва зиддиҷудоӣ 13, 5% раъй ва 46 фоиз раъйи электорал гирифт. Росс Перо дар соли 1992 18, 9% овоз гирифт, аммо раъйи электорал на.

Ричард Ҳофстедтер, таърихнигори маъруфи амрикоӣ ҳизбҳои сеюмро ба мисли занбурҳое номида буд, ки низоми сиёсии Амрикоро неш мезананд, идеяҳои нав медиҳанд, аммо зуд аз саҳна хориҷ мешаванд. Шояд “Ҳизби Амрико”-и Маск низ чунин нақш иҷро кунад, таъсир гузорад, вале устувор намонад. Бо ин вуҷуд, ҳеч чиз қатъӣ нест ва худи вақт нишон хоҳад дод, ки оё Маск метавонад бозии сиёсиро дигар кунад ё ба яке аз дигар ҳизбҳои транзитии таърих бипайвандад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.