Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чеҳраҳои саршиноси эронӣ мегӯянд “Ирон интернешнл” ба минбари террористон ва Исроил табдил шудааст
Як гурӯҳ нухбаҳои расонаӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон, иборат аз 450 нафар бо нашри як изҳорот аз фаъолияти шабакаи телевизионии “Ирон интернешнл” шадидан интиқод намуда, гуфтаанд, ки ин расона дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон ба минбари Исроил табдил шуда буд.
Дар баёния таъкид шудааст, ки “Ирон интернешнл” дар ҷараёни ҳамлаҳои низомӣ аз 13 то 24-уми июни соли ҷорӣ “барқасдона ва бо забони таҳриккунанда” фаъолияти расонаиро ба манфиати Исроил ва Амрико анҷом дода, ба пахши маълумоти нодуруст ва дурӯғ барои коҳиши руҳияи миллӣ дар ҷомеаи Эрон талош кардааст.
“Ҳар бор, ки Исроил ба Эрон ҳамла мекард, ин шабака онро фақат ҳамчун “ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон” нишон медод, то фазои тарсу ноумедиро дар миёни мардуми Эрон тақвият диҳад”- зикр шудааст дар изҳорот.
Муаллифони изҳорот ба собиқаи фаъолияти “Ирон интернешнл” ишора карда, гуфтаанд, ки ин расона бо гурӯҳҳои террористӣ низ мусоҳиба мекард. Тибқи гуфтаи муаллифони изҳорот ин шабака пас аз ҳамлаи террористии соли 2018 дар Аҳвол ба яке аз аъзои гурӯҳи “Ал-Авозия” минбари мустақим дод. Ин амал вокуниши манфии ҷомеаи Эрон ва ҳам тафтиши расмии ниҳоди назоратии расонаҳои Британия “Ofcom” –ро ба бор оварда буд.
Муаллифони изҳорот аз рӯзноманигорон ва таҳлилгарони мустақил даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна ҳамкорӣ бо “Ирон интернешнл” худдорӣ кунанд: “Агар расонае бо номи Эрон амалан ба таблиғи нафрат, тафриқаандозӣ ва ташвиқи ҳамла ба ватан пардозад, ҳамкорӣ бо он баробари гузаштан аз баҳри Эрон ва хиёнат ба мардум аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”