27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
08.07.2025 08:44

Нетаняҳу дар Кохи сафед дар бораи ҳамлаи дубора ба Эрон суҳбат мекунад

Дар ҳоле, ки музокироти эҳтимолии атомии Эрон бо Иёлоти Муттаҳида дубора дар маркази таваҷҷуҳи байналмилалӣ қарор дорад, мақомоти Исроил аз эҳтимоли гирифтани иҷозаи нав барои ҳамла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп хабар медиҳанд.

Расонаи “Axios” бо такя ба ду сарчашмаи огоҳ аз музокироти пинҳонӣ навишт, ки дар ҷараёни боздиди сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз Вашингтон масъалаи Барномаи атомии Эрон ва сенарияҳои эҳтимолии ҳамлаҳо мавзӯи асосии гуфтугӯҳо бо президенти Амрико Доналд Трамп хоҳад буд.

Рон Дермер, муовини калони Нетаняҳу гуфтааст, ки баъд аз сафари ахири худ ба Вашингтон бовар дорад, ки ҳукумати Трамп дар шароити муайян ба ҳамлаи дуюм бар зидди Эрон “дастур” хоҳад дод.

Шартҳои эҳтимолии чунин ҳамла метавонад аз кӯшиши Эрон барои берун кардани маводи ғанишуда аз корхонаҳои осебдида дар Фурду, Натанз ва Исфаҳон иборат бошад.

Масъалаи захираҳои ҳассоси Эрон тақрибан 4000 килограмм урани ғанишуда ба сатҳи 60% дар гуфтугӯҳои ахири дипломатии Исроил ва Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Барои истеҳсоли силоҳи атомӣ бояд то сатҳи 90 фоиз ғанисозӣ шавад.

Исроил ва Амрико бар ин боваранд, ки марказҳои асосии атомии Эрон осеб дидаанд, вале инфрасохтори асосӣ ва маводи радиоктив пурра нобуд нашудаанд. Ҳоло ин мавод, ба гуфтаи манбаъ, дар се нуқтаи асосӣ бо муҳр нигоҳ дошта мешаванд ва зери назорати доимии хадамоти иктишофии ҳар ду кишвар қарор доранд.

Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар як мусоҳиба бо Такер Карлсон изҳор дошт, ки “муассисаҳо шадидан осеб дидаанд” ва мақомти Эрон ҳанӯз наметавонанд ба муассисаҳо пурра дастрасӣ ёбанд, то сатҳи зарарро арзёбӣ кунанд.

Ин расона менависад, ки Стив Уиткофф, намояндаи хоси Кохи сафед дар умури Ховари Миёна дар рӯзҳои наздик дар Осло бо Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқоти расмӣ анҷом хоҳад дод. Теҳрон низ эҳтимолан ба ин музокирот розӣ аст, ҳарчанд таърихи дақиқ ҳанӯз эълон нашудааст.

Президенти Амрико баъд аз ҷанги 12-рӯзаи Эрон ва Исроил ду бор эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ кард ва ҳамчунин, таъкид ҳам кард, ки “агар созиш шавад, аз ҳамла пешгирӣ хоҳад шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.