27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
08.07.2025 08:21

Панҷакент. Боздошти се кас барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон се шаҳрвандро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кард.

Манбаъ меафзояд, ки зимни гузаронидани амалиёти махсуси кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент шаҳрвандон Рустамов Абдуҳалим Баҳромович, соли таваллудаш 1975, (қаблан бо моддаи 249 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст), Олимов Муродқул Орифович, соли таваллудаш 1971 (қаблан бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст) ва Усмонов Пирумқул Умарқулович, соли таваллудаш 1978, зода ва сокинони ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт карда шуда, аз онҳо маводи нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон  (24 бастаи селофанӣ) дарёфт ва мусодира гардид.

Дар хабарномаи Кумита омадааст, ки Абдураҳим Рустамов аз ҳисоби ҳамдеҳагони худ Муродқул Олимов ва Пирумқул Усмонов гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб созмон дода, маводи нашъадорро дар манзили истиқоматии Пирумқул  Усмонов пинҳон намудаанд. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ онҳо мақсад доштанд, ки бо истифода аз торикии шаб маводи мухаддирро аз самти ноҳияи Панҷакент, тавассути убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.

Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маводи нашъаовари мусодирашуда 13 кг навъи “героин”, 7 кг навъи “Фафюн” ва 4 кг навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиашон 24 килограмро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода мешавад, ки бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент Рустамов Абдуҳалим Баҳромович ба муҳлати 16 сол, Олимов Муродқул Орифович ба муҳлати 16 сол ва Усмонов Пирумқул Умарқулович ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.