27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ҷоизаи филми “Дар талоши ҳақиқат” аз Синамоҷашнвораи байналмилалии “Камелияи тиллоӣ”
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”, ки бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ таҳия гардидааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Cозмони ҳамкории Шанхай “Камелияи тилоӣ” ба ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд.
Дирӯз, 6-уми июл дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими тантанавии пӯшидашавии Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай “Камелияи тиллоӣ” баргузор гардид, ки дар барномаи озмунӣ Муассисаи давлатии “Точикфилм” ду филми ҳунариро пешниҳод намуда буд: “Дар талоши ҳақиқат” ва “Зиндагӣ зебост”.
Гуфта мешавад, ки дар фарҷоми озмун филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат” ба ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд. Ин ҷоиза дараҷаи баланди ҳунарӣ ва саҳми эҷодии синамогарони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар барномаи ғайриозмунии синамоҷашнвораи мазкур филмҳои ҳунарии “Охирин сайди сайёд”, “Танҳо ту” ва “Роҳ” намоиш дода шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”