Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Финали барвақт? Дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” рақобат мекунанд
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо “Реал Мадрид” ва “Боруссия”-и Дортмунд бо ҳам рақобат карда, бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи “Реал Мадрид” ба анҷом расид.
Голҳои вохӯрии мазкурро Гонсало Гарсия (дақиқаи 10-ум), Фран Гарсия (дақиқаи 20-ум), Максимилиан Байер (дақиқаи 90+2-юм), Килиан Мбаппе (дақиқаи 90+4-ум) ва Серу Гирасси (дақиқаи 90+8-ум) ба ҳадаф расонданд.
Пас аз бозии “Реал Мадрид” ва “Боруссия”-и Дортмунд ҳамлагари дастаи шоҳона зиёда аз як соат дар майдон монд. Сабаби ҳамроҳи ҳамдастаҳояш ба фурудгоҳ нарафтанаш он аст, ки ӯ тест барои допинг супурд.
Ҳамин тариқ, бошгоҳи “Реал Мадрид” ба даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо роҳ ёфт ва дар марҳилаи навбатӣ бо қаҳрамони имсолаи Лигаи чемпионҳо дастаи “ПСЖ”-и Фаронса рақобат мекунад.
Бисёри коршиносон вохӯрии “Реал Мадрид” ва “ПСЖ”-ро “финали барвақт” унвон медиҳанд, зеро ин ду даста барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо довталаби асосӣ маҳсуб меёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”