Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Танҳо як рӯз. Даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор мегардад
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро роҳандозӣ мекунад.
Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад, довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанд, имкон доранд дар даври дуюми имтиҳонҳо иштирок намоянд.
Гуфта мешавад, ки даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо танҳо як рӯз - 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт баргузор мегардад.
Бинобар иттилои дастрас, муҳлати пешниҳоди ариза оид ба иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то 9-уми июл муқаррар гардидааст ва довталабон бояд дар ариза макони имтиҳонсупориро ишора намоянд.
Ҳамчунин, барои иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳо довталабонро мебояд маблағи иловагӣ супоранд, ки ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад