Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дипломати афғонистонӣ мегӯяд Русия бо эътирофи Толибон хатои Шӯравиро такрор мекунад
Дар пасманзари тасмими баҳсбарангези Русия дар хусуси ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон, дипломати кӯҳнакори афғонистонӣ Маҳмуд Сайқал ва намояндаи собиқи ҳукумати Афғонистон дар СММ гуфт, ки Маскав бо ин кор хатои Шуравиро такрор мекунад.
Ин дипломати афғонистонӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “Русия бо эътирофи ҳукумати Толибон хатои фоҷеабори ишғоли Афғонистон аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1980-ро такрор мекунад”. Ӯ ҳушдор дод, ки қарори Маскав метавонад ба “захми хунин ва ҷадид” барои худи Русия табдил ёфта, паёмадҳои сангине барои ин кишвар дар пай дошта бошад.
Ӯ дар навиштаи худ ба дахолати низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дар соли 1979 ишора намуда, афзуд, ки ин кор боиси ҷанги даҳсолаи вайронгар шуда, талафоти бузурги ҷонӣ ва молиро барои ҳар ду ҷониб ба бор оварда буд. Ин ҷанг яке аз омилҳои муҳимми фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ арзёбӣ мешавад.
Тасмими Русия дар бораи ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон мавҷи вокунишҳои пурбаҳс ва густурдаи байналмилалиро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз ҳизбҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Ҷунбиши исломии Афғонистон бо роҳбарии Абдуррашид Дӯстум ва Ҷамъияти исломии Афғонистон бо роҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ аз ин иқдоми Маскав интиқод кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз мақомоти Толибон, аз ҷумла Анас Ҳаққонӣ ва Суҳайл Шоҳин аз ин иқдоми Маскав истиқбол карда, онро оғози марҳилаи нави робитаҳои дипломатии хориҷии Афғонистон номидаанд.
Мухолифони Толибон, аз ҷумла Ҳаниф Атмар ва Абдураб Расул Сайёф ба расмият шинохтани Толибонро шадидан маҳкум намуда, ин иқдоми якҷонибаи Русияро оғози рақобатҳои нави ҷаҳонӣ ва таҳдид ба суботу амнияти кишвар номидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”