Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раиси Ситоди артиши Эрон мегӯяд, ҳадафи Исроил ва Амрико нобуд кардани низом ва таҷзияи Эрон буд
Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон Сарлашкар Мӯсавӣ гуфт, ҳадафи душман аз байн бурдани низом дар муддати 48 соат то як ҳафта ва таҷзия кардани Эрон буд, вале миллати Эрон бар онҳо пирӯз гардид.
Сарлашкар Мӯсавӣ дар маросими гиромидошти генерал Ҳусайн Саломӣ гуфт, ки бародарони бисёр азизеро аз даст додем: “Ҳамрангону ҳамсангарони шуҷоъ, фидокор ва фидоӣ, фармондеҳони донишманд, бо тадбир, эҷодкор ва ёрони ҳамдилу самимиро аз даст додем”.
“Ман 30 сол таҷрибаи ҳамкорӣ бо ин азизонро доштам ва шаҳодат медиҳам, ки онҳо ҳич чиз барои худ нахостанд. Оё барои ин азизон ҷуз шаҳодат ва подоши ухравӣ подоши дигаре ҳаст? Васли ёр муборакашон бод”- таъкид кард Сарлашкар Мӯсавӣ.
Раиси Ситоди кулли артиши Эрон гуфт, ки сипаҳбуд Ҳусайн Саломӣ хусусиятҳои барҷастае дошт: “Лозим аст ин вижагиҳо ба ҳайси мактаб барои фармондеҳон, мудирон ва масъулони кишвар матраҳ шавад. Ӯ яке аз барҷастатарин фармондеҳони низом ва сангари вилоят буд, бе ҳич баҳс фармонҳои роҳбарро иҷро мекард.
Сарлашкар Саломӣ дар баробари душманон муқовимати ҳушмандона ва мазҳабӣ дошт. Бо ташреҳи қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷомеа руҳия мебахшид ва умед эҷод мекард. Ӯ фармондеҳи дорои омезиши имон, дониш ва хоксорӣ буд ва барои наслҳои ҳозира ва ояндаи неруҳои мусаллаҳ ва мудирони кишвар намунаи ибрат буд” – афзуд Сарлашкар Мусавӣ.
Сарлашкар Мусавӣ бо ишора ба мардуми Эрон чунин гуфт: “Шумо бо ҳифзи ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар баробари душман устувор истодед ва онҳоро водор ба зону задан кардед. Бо ҳич забоне наметавонам аз шумо ташаккур кунам. Итминон дошта бошед, ки парчами иззат ва ифтихори шаҳидонамро то қатраи охирини хун баланд нигоҳ медорем.
Душманон барои ҷанги таҳмилиашон 15 сол барнома кашида буданд. Дар дохили Эрон афроди нуфузиро омода ва омӯзиш дода буданд ва нақшаи дақиқ тартиб дода буданд, аммо онҳо дар се чиз ҳисобро нодуруст карданд. Роҳбарӣ, мардум ва қудрати ҷавобии неруҳои мусаллаҳи мо.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”