Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ато Муҳаммади Нур мегӯяд, қарори Маскав Афғонистонро ба майдони рақобати қудратҳо табдил медиҳад
Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи вилояти Балх бо интиқод аз тасмими Русия барои ба расмият шинохтани Толибон гуфт, ки ин иқдом Афғонистонро ба майдони рақобати қудратҳои хориҷӣ табдил дода, ҷангҳои ниёбатиро шидда мебахшад.
Ато Муҳаммади Нур таъкид кард, ки Толибон бо истифода аз зӯру саркӯб ва бе розигии мардум ҳич гоҳ машруият пайдо намекунанд ва таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ҳукуматҳое, ки ҳимояти миллӣ надоранд, ҳатто бо кумаки хориҷӣ пойдор нахоҳанд монд.
Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳукуматҳои Таракӣ, Кармал ва Наҷибуллоҳ гуфт, ки онҳо бо вуҷуди ҳимояти густурдаи хориҷӣ то дер напоиданд ва суқут карданд.
Дар ҳамин ҳол, Нурраҳмон Ахлоқӣ, вазири собиқи муҳоҷирони Афғонистон дар ёддоште гуфтааст, ки роҳбарони гузашта, аз ҷумла Таракӣ, Амин, Кармал ва Наҷибуллоҳ бо вуҷуди ҳимояти Маскав, ба далели надоштани пойгоҳи мардумӣ сарнагун шуданд. Ӯ афзуда, машруияти сиёсӣ аз эътирофи дипломатӣ на, балки аз ризояти мардум сарчашма мегирад.
Ин ду мақоми ҳукумати пешини Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки ба ҷои машруият бахшидан ба Толибон дар канори мардум ва ба хотири ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо биистанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”