Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Путин нақшаи тамоси телефонӣ бо роҳбарони Толибонро надорад”
Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин гуфт, ки президенти Русия нақшаи гуфтугӯи мустақим бо роҳбарони Толибонро дар назар надорад.
Ӯ дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли тамоси телефонии Президент Путин бо мақомоти гурӯҳи террористии Толибон чунин гуфт: “Феълан чунин барнома вуҷуд надорад. Аммо дар доираи робитаҳои дуҷониба тамосҳо дар сатҳҳои мухталиф идома хоҳанд ёфт”.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Русия ахиран бо боло бурдани сатҳи дафтари намояндагии гурӯҳи Толибон дар Маскав, як қадами дигаре дар роҳи ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон бардошт. Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, Маскав ҳанӯз барои роҳандозии робитаҳои мустақими миёни роҳбарони кишварҳо омодагӣ надорад.
Рӯзи гузашта мақомоти Русия расман эълон намуданд, ки бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Владимир Путин, президенти ин кишвар қабул кард, ки Толибон ба расмият шинохта шаванд.
Русия аз ҷумлаи кишварҳои камшуморест, ки робитааш бо Толибонро густариш додааст. Бо ин вуҷуд, аксари кишварҳои ҷаҳон то ҳол ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтаанд ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон, риояи ҳуқуқи занонро аз шартҳои асосии ба расмият шинохтани ин гурӯҳ эълон кардаанд.
Бархе коршиносон ишора мекунанд, ки тасмими барасмиятшиносии Маскав бозиҳои нави геополитикиро дар майдони Афғонистон ба вуҷуд хоҳад овард. Бархе бар онанд, ки Чин дувумин кишваре хоҳад буд, ки гурӯҳи террористии Толибонро ба расмият хоҳад шинохт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”