Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия мегӯяд барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир Толибонро ба расмият шинохтааст
Намояндаи хоси президенти Русия дар умури Афғонистон дар изҳори назари нав гуфт, ки Маскав барои мубориза бо ҳузури террористон ва пешгирӣ аз густариши қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон гурӯҳи террористии Толибонро ба расмият шинохт.
Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Президенти Русия барои Афғонистон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “RT” гуфт, ки Русия ба хотири “муборизаи муштарак бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир” ҳукумати Толибонро ба расмият шинохт.
“Афғонистон барои мо аҳамияти хос дорад, зеро нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки қаблан аз ин кишвар сарчашма мегирифтанд, вуҷуд дошт. Ҳоло, ки режими Толибон барои муқобила бо ин мушкилот кӯшиш мекунад, нигоҳ доштани ҳамкории зич бо ҳукумати Афғонистон зарур аст”- таъкид намуд Замир Кобулов.
Ӯ афзуд, ки рушди робитаҳои иқтисодии миёни Русия ва Афғонистон яке дигар аз сабабҳои ба расмият шинохтани Толибон аст.
“Мо ба ташкили ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон оғоз кардем ва барои қонунӣ ва комил будани ин ҳамкориҳо лозим буд ҳукуматро ба расмият шиносем” - зикр кард Замир Кобулов.
Намояндаи хоси Путин дар Афғонистон афзуд, ки ин қарори Русия бар асоси чандин далели мухталиф қабул гардида, “нишондиҳандаи аҳамияти нигоҳ доштани муомила” бо Толибон барои муқобила бо таҳдидҳои муштараки минтақавӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”