Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар нимсолаи аввал деҳқонони тоҷик беш аз 500 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ кардаанд
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 537 ҳазор тонна маҳсулоти сабзавоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки дар миёни маҳсулоти сабзавоти ҷамъоваришуда, дар ҳаҷми аз ҳама зиёд пиёз, 283 ҳазор тонна ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамчунин, сабзӣ 63 ҳазор тонна ва бодиринг 50 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст. Ба ҷуз ин, 49 ҳазор тонна помидор ва 31 ҳазор тонна карам ҷамъоварӣ гардидааст.
Ба гуфтаи масъулони Вазорот то имрӯз ҳосили 15 ҳазор гектар заминҳои кишти сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии майдонҳои кишти сабзавот дар кишвар 42 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ин нишон медиҳад, ки раванди ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз ҳам идома дорад.
Қобили зикр аст, аз соли 2013 барномаи махсус амал мекунад, ки ба содиркунандагони меваю сабзавоти Тоҷикистон имкон медиҳад, маҳсулоти худро ба воситаи роҳи оҳани Русия бо тахфифи 50% интиқол диҳанд. Ин имтиёз хароҷоти нақлиётро ба таври назаррас коҳиш дода, ба рушди содироти кишоварзии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии саривақтии ҳосили сабзавот заминаи содироти маҳсулотро фароҳам мекунад. Афзоиши содирот боиси рушд ва устувории иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”