Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон 37 нафарро дар ноҳияи Хоши Бадахшон боздошт карданд
Сарчашмаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Хоши вилояти Бадахшони Афғонистон даҳҳо нафарро боздошт кардаанд. Ин сарчашмаҳо афзудаанд, ки дар робита ба ҳодисаҳои хунини ду рӯзи ахир дар минтақаи Хоши Бадахшон 37 нафар аз сӯи Толибон боздошт шудаанд. Бозори ноҳияи Хош таътил шудааст ва Толибон бо мардум бадрафторӣ мекунанд.
Бар асоси иттилои дақиқ дар ҳодисаҳои тирпаронии ахир дар вилояти Хоши Бадахшони Афғонистон 8 нафар кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳафтаи гузашта садҳо сокини ноҳияи Хоши вилояти Бадахшон бар зидди гурӯҳи террористии Толибон эътироз намуда, бо намояндагони ин гурӯҳ вориди ҷанг шуданд. Дар натиҷаи бархӯрди мусаллаҳона даҳҳо нафар захмӣ ва кушта шуданд.
Ин эътироз дар пайи тасмими Толибон барои нобуд кардани киштзорҳои сокинони минтақа ба вуҷуд омад. Гурӯҳи террористии Толибон бо мақсади аз байн бурдани киштзорҳои маводи мухаддири сокинон ба минтақа омаданд ва бо мухолифат ва эътирози сокинон рӯ ба рӯ шуданд.
Худи Толибон расман ин ҳодисаро тасдиқ накардаанд, аммо бархе мақомоти ин гурӯҳ бидуни ишора ба ҳодисаҳои ахир ба расонаҳо гуфтаанд, ки феълан дар Бадахшони Афғонистон оромист.
Афроди боздоштшударо Толибон бо чархбол ба маркази вилояти Бадахшони Афғонистон интиқол додаанд. Гуфта мешавад, ки дар пайи бархӯрди шадиди гурӯҳи Толибон бо сокинони ин минтақа фармондеҳони бадахшонии ин гурӯҳ садои эътирозӣ баланд кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”