27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
04.07.2025 11:47

Вазири рус мегӯяд Русия нияти зиёд кардани квотаи корӣ барои муҳоҷиронро надорад

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия тасмим гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ лимити ҷалби муҳоҷирони кориро бе тағйир боқӣ гузорад ва ба ҷои он бештар ба рушди захираҳои дохилӣ таваҷҷуҳ кунад.

Антон Котяков, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия дар ин бора хабар дода, афзудааст, ки лимит ё квотаи умумии ҷалби коргарони хориҷӣ барои соли 2025 бо ҳаҷми 235 ҳазор нафар аллакай тасдиқ шудааст ва барои афзоиши он ҳич зарурат вуҷуд надорад.

“Мо имконият дорем, ин квотаро дар давоми сол миёни минтақаҳо ва ширкатҳо бар асоси талаботи воқеӣ тақсим кунем”- таъкид намудааст вазир.

Ба гуфтаи вазир, ҳадафи ин иқдом таъмини ҷойҳои корӣ ба воситаи неруҳои кории дохилӣ буда, фақат дар ҳолати зарурат истифодаи қувваи кории хориҷӣ баррасӣ хоҳад шуд.

“Мо бояд механизми ҷалби муҳоҷиронро тағйир диҳем, то ин раванд бо ҳадаф ва мутобиқ ба ҷойҳои корӣ мушаххас бошад” – таъкид намуд Антон Котяков.

Ин вазорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди рақамӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ лоиҳаи нави ҷалби танзимшудаи муҳоҷиронро омода мекунад. Ба гуфтаи Котяков технологияҳои иттилоотӣ ба шаффофият ва назорати ҷалби қувваи корӣ кумак мекунад ва қисме аз қонунгузории лозима аз ҳоло ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.

Вазорат таъкид кардааст, ки барои рафъ кардани камбудии кадрҳо бештар бояд ба имкониятҳои ҷавонони то 29-сола такя кард. Бо ин ҳадаф, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ барои омода намудани мутахассисон бар асоси талаботи бозори меҳнат тақвият дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи нави қонуни ҷалби муҳоҷирон, ки дар аввали баҳори соли 2024 пешниҳод шуда буд, баъди ислоҳу такмил барои баррасии иловагӣ ба парлумон ирсол хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.