Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эътирози садҳо журналист ба ҷонибдории Би-би-сӣ аз Исроил
Садҳо журналисти машҳур ва қисме аз кормандони Би-би-сӣ дар як номаи кушод аз шеваи инъикоси рӯйдодҳои Исроилу Фаластин интиқод карда, гуфтаанд, ки Би-би-сӣ дар инъикоси ҷанги Ғазза мавқеи яктарафа гирифта, бештар ба минбари таблиғотии режими Исроил табдил ёфтааст.
Дар нома, ки қисме аз он дар расонаҳои Британия нашр шудааст, ошкоро, аз ҷумла чунин зикр мешавад: “Мо аз сензура ва набудани шаффофият дар тасмимҳои таҳририяи Би-би-сӣ дар вақти инъикоси рӯйдодҳои Исроил ва Фаластин шадидан нигаронем. Пахш накардани филми мустанади “Ғазза: наҷотбахшон дар зери оташ” фақат як намунаи тасмимҳои ангезадор аст, ки нишон медиҳад, Би-би-сӣ бар хилофи шиори бетарафӣ, амал мекунад”.
Муаллифони нома зикр кардаанд, ки сарфи назар аз мувофиқати муҳтавои мустанад бо дастуроти дохилии Би-би-сӣ манъ кардани пахши он як тасмими сиёсӣ буда, тарси роҳбариятро аз интиқодҳои режими Исроил нишон медиҳад. Онҳо дар ин нома, аз ҷумла чунин ишора кардаанд: “Мо аз Би-Би- Сӣ ҷонибдорӣ намехоҳем, балки мехоҳем, битавонем, воқеиятҳоро ошкоро ва саҳеҳ нишон диҳем. Мутаассифона, талошҳои мо бо сабаби тасмимҳои ношаффоф ва бе шарҳ дар сатҳи роҳбарият натиҷа надодааст”.
Ба гуфтаи имзокунандагони нома, Би-би-сӣ дар бораи нақши ҳукумати Британия дар ҷанг, фурӯши аслиҳа ва паёмадҳои ҳуқуқии он тавони пешниҳоди таҳлили амиқро надошта, ин корро ба расонаҳои дигар вогузор кардааст. Онҳо ҳушдор додаанд, ки ин раванд тасодуфӣ нест, балки бар асоси як барномаи мушаххас сурат мегирад. Дар ин нома таъкид шудааст, ки сиёсати таҳририяи Би-би-сӣ таҳти таъсири равандҳои нажодпарастии зиддифаластинӣ қарор гирифтааст ва нақши Робби Гибб, узви раёсати Би-би-сӣ, ки ба нашрияҳои зиддифаластинӣ рабт дорад, зери суол рафтааст.
Муаллифон изҳор доштаанд, ки бисёре аз кормандони Би-би-сӣ барои интиқодҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд, дар ҳоле, ки Гибб, бо вуҷуди тамоюлҳои ошкори идеологӣ ҳанӯз дар мақоми тасмимгиранда боқӣ мондааст. Ба гуфтаи онҳо, бо чунин тамоюлҳои сиёсӣ дар қабули тасмимот наметавон интизор дошт, ки бинандагони Би-би-сӣ нисбат ба ин якҷонибагӣ бетараф бимонанд.
Ин нома мегӯяд, ки тафовути амиқ миёни он чи Би-би-сӣ аз Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ инъикос мекунад ва он чи афкори умумӣ ба воситаи гузоришҳои Созмони Милал, созмонҳои ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорони мустақил мебинад, дар ду соли ахир боз ҳам бештар шудааст.
Муаллифон навиштаанд, ки бахши хабарии Би-би-сӣ дар ироаи ҳақиқатҳои ҷанги зидди фаластиниҳо нотавон буда, бештар ба нақши идораи таболиғоти Исроил монанд шудааст, воқеияте, ки ба назари онҳо бояд мояи нигаронӣ барои тамоми ҳайати Би-би-сӣ бошад.
Ба ин нома 112 хабарнигори кунунӣ ва собиқи Би-Би-Сӣ, зиёда аз 300 нафар ҳунармандон, коргардонҳо, устодони донишгоҳ, фаъолони расона ва рӯзноманигорони мустақил имзо кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”