Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия Толибонро ба расмият шинохт. Путин бо пешниҳоди Лавров ба расмият шинохтани Толибонро қабул кардааст
Сафири Русия дар Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳои афғонистонӣ гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон аз ҷониби Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Владимир Путин, президенти Русия пешниҳод шуд ва ӯ расман ба расмият шинохтани Толибонро пазируфт.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон гуфт, ки Русия расман ҳукумати ин гурӯҳро таҳти номи “Аморати Исломии Афғонистон” ба расмият шинохт. Тибқи иттилои расмӣ, Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул, рӯзи панҷшанбе қарори Вазорати корҳои хориҷии Русияро ба Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон расман эълон кардааст.
Хабаргузории ТАСС хабар дод, ки ҳамзамон Мавлавӣ Гулҳасан, сафири Толибон дар Маскав эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Русия супурдааст. Дар маросими қабули эътимоднома муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст: “Мо мутмаинем, ки ба расмият шинохтани расмии ҳукумати Афғонистон ба рушди ҳамкориҳои созандаи дуҷониба дар бахшҳои гуногун замина хоҳад гузошт”.
Ба дунболи ин, дипломатҳои Толибон парчами Афғонистонро аз бинои сафорат пойин кашида, ба ҷойи он парчами сафедранги Толибонро дар боми сафорат овезон карданд.
Амирхон Мутаққӣ дар мулоқот бо сафири Русия ин иқдомро “қадами ҷасурона” хонд ва гуфт, ки кишварҳои дигар низ аз иқдоми Маскав пайравӣ кунанд: “Қарори воқеъбинонаи Русия ҳамчун як пешрафти муҳим дар таърихи робитаҳои ду кишвар ёд хоҳад шуд ва барои кишварҳои дигар низ намунаи ибрат хоҳад гардид”.
Русия аз ҷумлаи аввалин кишварҳост, ки ҳукумати Толибонро расман ба расмият мешиносад. Ин тасмим дар ҳоле эълон мешавад, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар дуроҳии ба расмият шинохтани ҳукумати террористии Толибон қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”