Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳалокати футболбози бошгоҳи “Ливерпул” ва мунтахаби Португалия дар садамаи нақлиётӣ
Диогу Жота, футболбози шуҳратёри бошгоҳи “Ливерпул” ва мунтахаби Португалия дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ аз дунё даргузашт.
Гуфта мешавад, ки садамаи мазкур дар Испания рух дода, мошини футболбоз бинобар суръати баланди ҳаракат доштан аз роҳ берун шуда, ба чизе бархурда, пурра сӯхтааст.
Дар мошин Андре Силваи 25-сола, бародари Диогу Жота низ будааст, ки ӯ ҳам ба ҳалокат расидааст.
Ҷомеаи футбол дар бораи корномаву муваффақиятҳои Диогу Жота мегӯянд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар чанд вақти охир ӯ бо бошгоҳи “Ливерпул” қаҳрамони Англия шуд, бо мунтахаби Португалия қаҳрамони Лигаи миллатҳо гардид, 10 рӯз пеш оиладор шуд ва ғайраҳо.
Дар ин росто, футболбози португалӣ Криштиану Роналду ҳамдардиашро чунин баён кард: “Ба хонаводаатон, ба ҳамсаронатон ва фарзандонатон тасаллият баён мекунам. Медонам, ки шумо ҳамеша бо онҳо хоҳед буд. Ором хоб кунед, Диогу ва Андре. Мо ҳама шуморо пазмон мешавем”.
Ёдовар мешавем, ки Диогу Жота 28 сол дошт ва аз соли 2020 дар ҳайати дастаи “Ливерпул” ҳунарнамоӣ мекард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”