Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Низом Мирзозода ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос шуд
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии иншоотҳо ва манзилҳои навбунёд, ки барои зарардидагон аз офати табиии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сохта мешаванд, шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки сафару шиносоии масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мувофиқа бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ки раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода зимни шиносоӣ ба ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти манзилҳои истиқоматии навбунёди ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба сохтмончиён ва масъулин ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳоро таъкид намуд.
Дар аксҳое, ки саҳифаи фейсбукии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нашр кардааст, дида мешавад, сохтмони манзилҳо ҷараён дошта, қисме қариб тамом шудаанду дар қисми дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”