Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Туҳфа ба хонандагони нобино. “Гӯшаи китобҳои гӯё” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Тавре аз бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд “Гӯшаи китобҳои гӯё” таъсис ёфт.
Манбаъ меафзояд, ки аз ҷониби USAID ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд китобҳои гӯё ва имову ишора дар шакли электронӣ ва ҳамчунин китобҳои чопӣ тақдим гардид, ки ҳадаф аз ин иқдом дастгирии афроди маълул ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити омӯзиш мебошад.
Гуфта мешавад, ки як қатор китобҳои савтӣ ва имову ишора аз тарафи кормандони шуъба аввал ба компютерҳо ва баъдан ба ноутбукҳои дар хидмати хонандагонбуда боргирӣ шуданд, ки ин барои хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) туҳфаи арзишманд аст.
Зикр мегардад, ки китобҳои Ато Мирхоҷа “Эҳсосамро шиносам”, Муҳриддин Сабурӣ “Мисли худат бош”, Роберт Макклоски “Марминҷон барои Соро”, Муродалӣ Собир “Наҷоти моҳиён” ва ғайраҳоро, ки савтӣ ҳастанд, дар “Гӯшаи китобҳои гӯё” ҷой дода шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”