Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Пробка”-и тӯлонии мошинҳо дар марзи Қазоқистон бо Русия. Ронандагони тоҷик соатҳо интизор мешаванд
Дар сарҳади Қазоқистон бо Русия сафи тӯлонӣ ва ҳатто чанд километрии воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбарӣ ба вуҷуд омадааст. Мушкили тамбаи воситаҳои нақлиёт баъди ҷорӣ шудани қоидаҳои нави вуруд бо барномаи махсуси мобилии RuID пайдо шудааст. Барои вуруд ба Русия ронандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон баъзан 10-12 соат ва ҳатто бештар дар сарҳад интизор мемонанд.
Аз оғози моҳи июн дар Русия қоидаҳои нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ бо сабти ном дар барномаи махсуси мобилии RuID ҷорӣ шуд. Бар асоси он, гирифтани маълумоти беометрӣ, аз ҷумла изи ангушт, акс ва сабти овоз ҳатмӣ гардид. Ҷорӣ шудани талаботи нави вуруд ба Русия боиси мушкилоти тамбаи мошинҳо дар сарҳад шудааст.
Ронандагон хабар медиҳанд, ки шумори зиёди мошинҳои боркаш ва мусофирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар навбати убур аз гузаргоҳи Орск ва дигар нуқтаҳои сарҳадӣ қарор доранд. Як ронанда гуфт, ки дар баъзе аз ҳолатҳо ронандагон соатҳо ва ҳатто чанд рӯз дар сафи вуруд интизор мешаванд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки барои кумак ба ронандагон ва мусофирон дар сарҳад дастаҳои наҷотдиҳанда ва низомиён ба таври мунтазам хизматрасонӣ мекунанд. Ба онҳо ғизои гарм, оби нӯшокӣ ва кумакҳои тиббӣ расонида мешавад. Ҳамзамон мақомоти марзбонии Қазоқистон ва Русия таъкид мекунанд, ки вазъият зери назорати доимӣ қарор дошта, барои ҳалли мушкилот чора меандешанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”