Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мусофирон дар Ӯзбекистон метавонанд аз моҳи июл бо сабти электронии ҳуҷҷатҳо парвоз кунанд
Аз 1-уми июл дар Ӯзбекистон ба мусофирон иҷоза дода мешавад, ки бо ҳуҷҷатҳои электронӣ дар парвозҳои дохилии кишвар сабти ном шаванд. Ин тағйирот бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон амалӣ мегардад. Дар ин бора дафтари матбуоти Фурӯдгоҳи Ӯзбекистон хабар додааст.
Тибқи ин қарор мусофирон метавонанд ҳуҷҷатҳои шахсии электрониро ба воситаи сомонаи “My.gov.uz” ё барномаи “Социальная карта” пешниҳод намоянд. Барои сабти ном шахс бояд саҳифаи маълумоти шахсиро дар кабинаи худ боз карда, он ҷо ба корманди бахши сабти ном нишон диҳад.
Танҳо маълумоти тоза ва расмии барномаҳои “My.gov.uz” ва “Социальная карта” қабул мешаванд. Нусхаҳо, аксҳо, сканҳо ё скриншотҳои ҳуҷҷатҳо барои сабти ном қонеъкунанда нестанд.
Ин иқдом ҷараёни сабти номро барои мусофирон сода ва босуръат мегардонад ва дар беҳтар кардани фаъолияти бандари ҳавоӣ ва хизматрасонии мусофирон саҳми муассир хоҳад гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”