Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раиси парлумони Эрон: “Дар ҷанги 12-рӯза осмону заминро бар сари душман хароб кардем”
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон гуфт: “Дар ҷанги 12-рӯза осмону заминро бар сари боми душман хароб кардем ва душмани саҳюнистӣ натавонист бо фиребу таҳқир ва ҷангҳои иттилоотӣ пирӯз шавад”. Ӯ афзуд, ки оянда ба ҳақиқат тааллуқ дорад ва роҳи муқовимат бо иродаи қавии мардуми Эрон ва бо роҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ идома хоҳад ёфт.
Муҳаммадбоқир Қолибоф гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи Эрон бо истифода аз таҷрибаи 40 соли гузашта ва иттиҳод бар зидди душман мубориза мебаранд. Ӯ бо шадидтарин ибораҳо ба тавсифи нерӯи муосири дифоии кишвар пардохт ва гуфт, ки дар тӯли 24 соат тавонистанд бар “қалъаи оҳанин”-и режими саҳюнистӣ назорат пайдо кунанд.
“Душман фикр мекард миллат хиёнат мекунад, аммо миллат якпорча дар муқобили ӯ истод. Ин мафияи ҷинояткор ҳаргиз бар худ чунин оташе надида буд. Тел-Авив ва Ҳайфоро нигоҳ кунед, ки чӣ гуна талоши беш аз 40 соли андешамандони мо чунон қудрате эҷод кард, режими саҳюнистӣ, ки дар баробари дунё ва ҳама дӯстонаш аз “Гунбади оҳанин” ҳарф мезад ва қудратнамоӣ мекард, дид, ки дар камтар аз чанд соат бо аз даст додани фармондеҳон ва донишмандони бузурги худ бо дироят ва фармондеҳӣ мақоми муаззами роҳбарӣ чӣ оташе бар сари онҳо рехта аст” – гуфт Қолибоф.
Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки мардуми Эрон бо ваҳдат ва боварии қавӣ ба роҳ ва пайравӣ аз роҳбарияти олии кишвар идома медиҳанд ва дар баробари ҳар гуна таҳдиду ҳамла посухи қатъӣ хоҳанд дод. “Мо оғозгари ҷанг набудем, балки ҳамеша посухи сахт додаем ва дар ин майдон пирӯз ҳастем” – таъкид кард Қолибоф.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”