27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
03.07.2025 09:06

Дипломати рус дар Гаага ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эронро маҳкум кард

Дипломати рус дар нишасти Шурои Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ ҳамлаи Исроил ва Амрико ба муассисаҳои атомии Эронро ғайриқонунӣ хонд ва афзуд, ки чунин иқдом талошҳо барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои атомиро дар зери хатар қарор медиҳад.

Владимир Тарабрин, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ дар нишасти 67-уми Шурои иҷроияи ин созмон дар Гаага чунин таъкид кард: “Мо ин ҳамлаҳоро қотеъона маҳкум мекунем. Паёмадҳои он ҷиддан боиси нигаронӣ аст”.

Дипломати рус расман эълон кард, ки ҳамла ба муассисаҳои сулҳомези атомии Эрон, ки дар зери назорати МАГАТЭ қарор дорад, поймол кардани ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва конвенсияи СММ аст.

Владимир Тарабрин, ки ҳамзамон сафири Русия дар Голандия аст, ба хатарҳои олӯдашавии химиявӣ ишора карда, талаб намуд, ки  барои пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳо чораҳои фаврӣ андешида шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин “иқдом боиси нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла нақзи моддаи 11-и Конвенсияи силоҳҳои химиявӣ шудаанд”. Ӯ ҳушдор дод, ки анҷоми чунин иқдомҳои хатарнок кӯшишҳои ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои атомиро дар зери хатар қарор медиҳад.

Ӯ таъкид кард, ки Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ҳич гуна фаъолият ва пажӯҳиши ғайриқонуниеро дар Эрон сабт накардааст, аммо Исроил ва Амрико бидуни далел ба марказҳои атомӣ ҳамла карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.