Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лукашенко: “Ҳамлаи Амрико ба Эрон ғайриқонунӣ аст. Трамп намоишкорона нақш мебозад”
Александр Лукашенко, президенти Беларусия ҳамлаи ахири Амрико ба неругоҳҳои атомии Эронро “тамоман ғайриқонунӣ” хонд ва бо ишора ба рафтори мухталифи Доналд Трамп афзуд, ки президенти Амрико дар ин замина нақши фарди “сулҳхоҳ” ва ҳамзамон “ҳамлагар” –ро бозӣ мекунад.
Лукашенко ин ҳамларо бо амалиёти аввали Амрико дар Ироқ муқоиса кард, ки он он вақт бо далели мавҷудияти силоҳҳои куштори ҷамъӣ иҷоза дода шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол ҳам барои ҳамла ба Эрон ва ба “лӯлаи озмоишӣ” ишора мекунанд, ки гӯё далели таҳияи силоҳи атомӣ бошад.
Президенти Беларусия суол гузошт, ки “кӣ иҷоза дод, ки кишвари дорои бомбаи атомӣ, кишвари дигареро, ки метавонад барои дифоъ аз худ талош кунад, бомбаборон кунад?”. Ӯ афзуд, ки чунин амал “бесубот ва ғайриқонунӣ аст”.
Лукашенко изҳороти Доналд Трампро дар робита бо ин масъала “ғалат ва баҳсбарангез” номид.
Ба гуфтаи президенти Беларусия Трамп дар пешниҳоди матолиби худ мухолифат дошт ва мехост худро ҳамчун шахси сулҳҷӯ ва ҳалкунандаи низоъҳо, аз ҷумла дар Украина, Ховари Миёна муаррифӣ кунад, аммо ҳамзамон ба Эрон ҳамла кард. Ӯ афзуд, ки бо фиристодаи Трамп оид ба масъалаҳои Украина мулоқот намудааст ва дар он масъалаи Эрон ва Ховари Миёна низ баррасӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”