Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кишварҳои ИДМ дар сатҳи миллӣ дар заминаи партовҳои радиоактивӣ ва сӯхти атомӣ ҳамкорӣ мекунанд
Коршиносони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаи муҳимми мудирияти партовҳои радиоактивӣ ва сӯхти истифодашудаи атомиро баррасӣ намуданд.
Дафтари матбуоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар дод, ки рӯзи 1-уми июн дар дафтари Кумитаи иҷроияи ин иттиҳод маҷлиси коршиносон оид ба ҳамоҳангсозии лоиҳаи “Самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи мудирияти партовҳои радиоактивӣ, сӯзишвории истифодашудаи атомӣ ва бартарафсозии объектҳои хатарноки атомӣ ва радиатсионӣ то соли 2030” доир шуд.
Дар маҷлис намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд. Лоиҳаи мазкурро ширкати “ТВЭЛ” созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои партовҳои атомӣ ва радиоактивӣ таҳия кардааст.
Бар асоси ин лоиҳа кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил уҳдадор мешаванд, ки барои таъмини амнияти атомӣ ва экологии минтақа тадбирҳои мушаххас андешанд, лоиҳаҳои муштаракро барои безарар кардани объектҳои хатарнок амалӣ кунанд ва заминаи рушди энергияи атомиро дар сатҳи миллӣ фароҳам намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”