27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
02.07.2025 16:24

Трамп дар бораи ҷинси зани Макрон назар дод: “Ӯ зан ба назар мерасад”

Доналд Трамп, Президенти Амрико дар як гуфтугӯи хусусӣ бо рӯзноманигори амрикоӣ Кэндис Оуэнс назарҳои марбут ба тағйири ҷинсии Брижит Макрон, зани Президенти Фаронсаро рад кардааст. Трамп дар ин суҳбат гуфтааст: “Ман Брижитро аз наздик дидаам, ӯ комилан зан ба назар мерасад”.

Рӯзноманигор Кэндис Оуэнс, ки дар доираи таҳқиқоти худ иддаоҳои вобаста ба тағйири ҷинси зани Макронро баррасӣ мекунад, гуфт, ки Трамп аз ӯ хостааст ин таҳқиқотро қатъ кунад. Ба гуфтаи ӯ, Трамп бовар дорад, ки чунин шубҳаҳо асос надоранд.

Бо вуҷуди ин, Оуэнс гуфт, талош кардааст Трампро боварманд созад, зеро бар асоси иттилои ӯ ҳамсари  Президенти Фаронса бо табибе, ки дар бахши ҷарроҳии тағйири ҷинс тахассус дорад, дар иртибот будааст.

Журналисти амрикоӣ дар моҳи январ ваъда дод, ки ҳуҷҷатҳо ва далелҳои вобаста ба ин қазияро нашр мекунад. Аммо бар асоси иттилои манбаъ, ӯ ҳоло бо таҳдиди пайгарди қонунӣ аз сӯи вакилони оилаи Презиленти Фаронса рӯ ба рӯ шудааст. Ин баҳсҳо дар ҳоле дубора авҷ мегиранд, ки масъалаи ҳаёти шахсии сиёсатмадорони сатҳи аввал борҳо ба ҳайси абзори ҷанҷолҳои сиёсӣ ва таблиғотӣ истифода шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.