Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ мегӯяд дар ҳамла муассисаҳои атомии Эрон осеби ҷиддӣ дидаанд
Саид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо хабарнигори телевизиони амрикоии “CBS” гуфт, ки Эрон барои ҳимоят аз барномаи ғанисозии худ ҷанг кард ва саноати ғанисозӣ ба унвони “рамзи истиқлолият ва ғурури миллӣ” боқӣ хоҳад монд. Ӯ таъкид кард, ки ғанисозии сулҳомез идома хоҳад ёфт ва Теҳрон барои ҳифз кардани он аз ҳич гуна талош даст нахоҳад кашид.
Ӯ дар бораи осебҳои воридшуда ба муассисаи атомии Фарду гуфт, ки ҳанӯз иттилои дақиқ вуҷуд надорад, “аммо то ҷое медонам, осебҳо ҷиддӣ ва вазнин” мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, Созмони энергияи атомии Эрон дар ҳоли баррасӣ ва арзёбии осеб ва хисоротҳои воридшуда ба муассисаҳои атомии Эрон аст.
Аббос Ироқчӣ дар посух ба иддаои Доналд Трамп дар хусуси нобудии комили Барномаи атомии Эрон афзуд, ки “осебҳо хеле ҷиддиянд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки барои аз сар гирифтани фаъолиятҳо чӣ қадар вақт лозим аст ва ё умуман имкон дорад ё на”.
“Технологияи ғанисозии мо ватанӣ аст ва бо бомбаборон онро наметавон нест кард. Агар иродаи мо бозсозӣ бошад, пас ҳамаи осебҳоро ба зудӣ бартараф мекунем” – гуфт Саид Аббос Ироқчӣ.
Ӯ афзуд, ки Барномаи атомии Эрон ба як қисмати ҷудонашавандаи дониш ва қудрати миллии кишвари мо табдил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд муассисаҳо осеб дидаанд, вале дониш ва технология дар миёни донишмандони мо зинда аст.
“Барномаи мо ҳамеша сулҳомез буд ва бо вуҷуди ҳама гуна фишорҳо Эрон аз ин ҳаққи худ даст намекашад. Мо барои ин барнома солҳои зиёд заҳмат кашидем, ба Шурои амният бурда шудем, аммо талош кардем, собит кунем, ки барномаи мо фақат сулҳомез аст” – таъкид намуд Аббос Ироқчӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”