Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Молики чинии кони тилои “Зарафшон” кони бузурги тилои Қазоқистонро харид
Як ширкати бузурги чинӣ, ки ба истеҳсоли маъдани тило дар Осиёи Марказӣ машғул аст, дар охири моҳи июн бо имзои шартнома бузургтарин кони тилои “Райгородок”-и Қазоқистонро ба арзиши 1,2 миллиард доллар харидааст.
Ин ширкати маъруфи чинӣ бо сармоягузорӣ иҷозатномаи истифода аз конҳои тило дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро низ ба даст оварда, ҳоло дар ин кишварҳо фаъолият мекунад. Кони тилои “Зарафшон”–и Панҷакенти Тоҷикистон дар ихтиёри ин ширкат қарор дорад.
Тибқи иттилои расонаҳои чинӣ ширкати “Хиҷин Майнинг” яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаҳои тило ва мис дар Чин буда, ба воситаи ду ширкати фаръии худ “Жиҷин Голд Интернешнал” ва “Ҷинҳо Майнинг” кони тиллои Қазоқистонро харидааст. Кони тилои “Райгородок” –и Қазоқистон дар минтақаи “Бурабой” –и вилояти Акмола воқеъ буда, яке аз бузургтарин конҳои рӯкушод ба ҳисоб меравад. Ин кон дорои инфрасохтори муосир буда, дастрасӣ ба он бисёр осон ва ба роҳи оҳан хеле наздик мебошад.
Захираҳои ҳисобшудаи кони мазкур таҷрибан 94,9 миллион тонна аст. Истеҳсоли солонаи кон тақрибан 5, 5 тонна мебошад. Истеҳсоли тило дар ин кон рақобатпазир аст.
Ширкати “Хиҷин” бо мақсади беҳтар кардани раванди истихроҷ ва коркарди тило мехоҳад иқтидори истеҳсолии онро то 10 миллион тонна зиёд кунад. Шарномаи хариди кони тилои Қазоқистон фаъолияти ширкатро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад. Ин ширкат дар Тоҷикистон ва Қирғизистон нуфузи зиёд дорад. Ҳоло ин ширкат дар Тоҷикистон дар ду кон ва дар Қирғизистон дар як кон ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”