Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия воридоти желатини хӯроквории Тоҷикистонро манъ кард
Мақомоти Русия аз 1-уми июни соли ҷорӣ воридоти желатини хӯроквории Тоҷикистон ба қаламрави Русияро манъ кардаанд. Росселхознадзори Русия гуфтааст, ки ин тасмим дар пайи санҷишҳои ахир ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон гирифта шудааст.
Росселхознадзор бо нашри як изҳорот гуфтааст, тафтишот нишон дод, ки назорат ба сифати ашёи хом ва риояи меъёрҳои санитарӣ дар корхонаи “Тилло Желло”- истеҳсолкунандаи желатин, хеле суст буда, нишондиҳандаҳои сифат ба стандартҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё посухгӯ нест. Ин ниҳоди назорати сифати маҳсулоти хӯроквории Русия гуфтааст, ки хадамоти ветеринарии Тоҷикистон ва дигар истеҳсолкунандагон натавонистанд сатҳи зарурии назоратро таъмин кунанд.
Гуфта шудааст, дар корхонаи “Тилло Желло” низоми санҷиши манбаи ашёи ҳайвонот вуҷуд надорад, ки сарчашмаи ашёро мушаххас кунад. Шароити нигоҳдорӣ ва гигиена ба талабот мувофиқат намекунад.
“Таҳлили санҷишҳои анҷомёфта нишон дод, ки назорати хадамоти ветеринарии ҷумҳурӣ ва корхона бар истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти мазкур вуҷуд надорад. Нишондиҳандаҳои сифату бехатарии маҳсулоти содиротӣ назорат намешавад ва як қатор нишондиҳандаҳо бо арзишҳои меъёрии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мувофиқат намекунанд” – зикр шудааст дар изҳороти Росселхознадзор.
Тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон фақат дар панҷ моҳи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 183 тонна желатина ба арзиши тақрибан 950 ҳазор доллар содир шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки манъи воридот метавонад ба соҳаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон зарбаи сахт расонад, зеро бозори Русия барои онҳо хеле муҳим аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”