Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ду шаҳрванди Ӯзбекистон дар Амрико барои кумак ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд
Ду шаҳрванди Ӯзбекистон Беҳзод Раҳматови 30-сола ва Мунис Хоҷаеви 31-сола бо ғайриқонунӣ ворид кардани муҳоҷирон аз сарҳади Мексика ба Амрико боздошт шуданд.
Тибқи иттилоъ, аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи майи соли ҷорӣ Раҳматов ва Хоҷаев, аъзои гурӯҳи ҷиноятии байналмилалӣ ба ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз давлатҳои дигар ба Амрико машғул буданд.
Гуфта мешавад, ки муттаҳамон дар омода кардани ҳуҷҷатҳои лозим барои убури ғайриқонунӣ, аз ҷумла виза ва шиносномаҳо ба муҳоҷирон кумак мерасониданд. Омода намудани ин ҳуҷҷатҳо ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ имкон медиҳад, ки бидуни монеа то марзи Мексика ҳаракат намуда, вориди хоки Амрико шаванд. Мақсади онҳо аз анҷом додани ин амал гирифтани пул аз муҳоҷирон ва ё шахсони сеюм будааст.
Худи Раҳматов ва Хоҷаев низ ба таври ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд. Агар иттиҳоми онҳо тасдиқ шавад, ҳар кадоми онҳо метавонанд то даҳ сол зиндонӣ шаванд. Парвандаи онҳо дар зери назорати мақомоти Пенсилванияи Шарқӣ баррасӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”