Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тирпарронии хунин дар Бадахшон. Толибон дар ҷаноза мардумро тирборон карданд
Сокинони ноҳияи Хоши Бадахшони Афғонистон дар як иқдоми бесобиқа бар зидди ҳокимияти гурӯҳи террористии Толибон дар Бадахшон эътироз намуда, онҳоро аз ин минтақа берун рондаанд. Ин ҳодиса шоми дирӯз рӯй дод ва дар натиҷаи тирпаронии Толибон 12 нафар кушта шудаанд. Сокинони ноҳияи Хош гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон субҳи имрӯз дар маросими ҷанозаи сокинони кушташуда тир паронданд ва дар натиҷаи ин тирпаронӣ 1 нафар кушта ва 16 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба навиштаи расонаҳо, сокинони ноҳияи Хоши вилояти Бадахшон шоми дирӯз ва субҳи имрӯз саҳнаи даҳшатро таҷриба карданд, ки ба гуфтаи шоҳидон ба мисли “ҷазодиҳии гурӯҳӣ буд”.
Ҷангҷӯёни Толибон бо силоҳҳои вазнин ба сӯйи мардуми бегуноҳ, бахусус ба сӯйи онҳое, ки дар ҷаноза ширкат доштанд, тир паронданд.
Сарчашмаҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар ин тирпаронии бераҳмона, ки баъди шиддат гирифтани низоъ дар миёни сокинони маҳаллӣ ва Толибон сурат гирифт, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Расонаҳо шумораи кушташудагони ин ҳодисаро ҳадди аққал 12 нафар ҳисоб кардаанд.
“Толибон бо истифода аз силоҳҳои сангину нимасангин ба хонаҳо ва маросими дафн ҳамла карданд. Ҷасадҳо дар хоку хун монданд”- нақл кардааст як сокини маҳаллӣ.
Толибон пас аз тирпаронӣ ва куштор ба қатъ кардани антенаҳои мобилӣ дар ноҳия даст зада, сокинонро аз иртибот ба берун комилан маҳрум кардаанд.
"Ҳоло мо наметавонем ба ягон кас занг занем ё хабар диҳем. Гӯё зинда дар гӯр бошем”- гуфтааст як сокини маҳаллӣ.
Салоҳиддин Солор, як мақоми собиқи истихбороти Толибон, ки қаблан бо волии паштуни Толибон дар Бадахшон ихтилоф пайдо карда, аз ин гурӯҳ ҷудо шуда буд, дар шабакаи иҷтимоӣ навишт, ки “зулм чархаест, ки рӯзе ба сӯи золим бармегардад”. Ин изҳорот нишон медиҳад, ки ҳатто дар дохили худи Толибон ихтилоф ва кина зиёд шудааст.
Бар асоси иттилои расонаҳо баъд аз ин ҳодиса сокинони ноҳияи Хош роҳҳои мошингузарро бо санг баста, монеи вуруди Толибон дар минтақа шудаанд
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”