Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тӯйи “ҷанҷолӣ”-и писари 17-солаи Рамазон Қодиров дар Чеченистон. Издивоҷи пуршукӯҳ бо паёми сиёсӣ
Тӯйи пуршукӯҳи Одам Қодиров, писари 17-солаи Рамазон Қодиров ва ҷонишини эҳтимолии ӯ баҳси зиёдеро дар Чеченистон ва берун аз он барангехт. Ба гуфтаи сарчашмаҳои маҳаллӣ маросими арӯсии Одам Қодиров бо шитоб баргузор гардид, зеро вазъи сиҳатии Қодирови падар рӯ ба бадшавӣ дорад ва издивоҷ ҳамчун анъана барои тақвияти мавқеи меросбар иҷро шудааст.
Бар асоси иттилоъ, Одам Қодиров қабл аз маросим дар Кремл бо Владимир Путин мулоқот кардааст. Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон баъд аз он ба Путин барои паёми табрикотӣ номаи сипос ирсол кардааст. Бо вуҷуди ин, Кремл ҳеч изҳороти расмие дар бораи ин дидор пахш накардааст.
Аммо худи Рамазон Қодиров, президенти Ҷумҳурии Чеченистон дар саҳифаи телеграми худ дар ин бора чунин навишт: “Барои ман беандоза боиси хушҳолист, ки шумо хотираи падари гиромиқадрам - Аҳмад Қодировро пос медоред, дӯсти худ мехонед ва то ҳол содиқтарин дӯсти ӯ боқӣ мондаед ва анъанаи зебои мардонагиро нигоҳ доштаед. Шуморо барои тамоми табрикоти гарм ба номи арӯсу домод ва барои таманниёти самимӣ ба тамоми мардуми чечен аз самими дил сипосгузорам” .
Маросими тӯй пур аз саҳнаҳои анъанавии қафқозӣ будааст. Одам Қодиров соати гаронбаҳои “Jacob & Co. ASHOKA”, ки арзиши он 27,7 ҳазор доллар гуфта мешавад, дар даст дошт ва савори мошини “Mercedes G-Wagon”, бо таппончаи тиллоӣ тирпарронӣ кард, ки ба гуфтаи шоҳидон, “намои пурраи зеҳни классикии қафқозӣ”-ро ба намоиш гузошт.
Одам Қодиров, ки 24-уми ноябри соли 2007 таваллуд шудааст, аз 5-уми ноябри соли 2023 ба ҳайси сардори Хадамоти амнияти раиси Ҷумҳурии Чеченистон фаъолият мекунад. Шореҳон издивоҷи ӯро на танҳо маросими хонаводагӣ, балки як паёми сиёсии қавӣ дар дохил ва хориҷи Чеченистон арзёбӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”