Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Чолпон-Ота чӣ гузашт? Лавров дар бораи суқути НАТО, парвозҳои дронҳои украинӣ дар Қазоқистон ва вазъи Арманистон ҳарф зад
Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир гашт. Дар он роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масоили амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки имрӯз масъалаҳои терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, густариши идеологияи ифротӣ, кибер-таҳдидҳо ва дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии давлатҳо ба таври бесобиқа шиддат мегиранд ва аз ин рӯ, “талаб мешавад, ки онҳо бо чораҳои ҳамоҳангшуда ва ягона ҳал шаванд”. Содир Ҷабборов афзуд, ки фазои виртуалӣ ба майдони навъи ҷангҳо ва таҳдидҳо табдил ёфтааст ва даъват кард, ки кишварҳо дар ҳифзи инфрасохтори муҳимми миллӣ ва амнияти иттилоотӣ тадбирҳои муштаракро омода кунанд.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев хабар дод, дар натиҷаи ҷаласа чанд изҳорот қабул шуд, ки ҳадафашон пешгирии радикализатсия ва таҳкими амнияти иттилооти байналмилалӣ мебошад. Ба ҷуз ин, вазирон ташкили маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро баррасӣ намуданд. Ба гуфтаи ӯ, ин созишҳо заминаи боэътимод барои таҳкими ҳамгироӣ ва беҳбуди амнияти дастаҷамъӣ дар минтақа хоҳанд шуд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар изҳороти худ, қабл аз ҳама ба масъалаҳои ҷаҳонӣ ишора кард. Ӯ афзуд, ки афзоиши хароҷоти низомии кишварҳои НАТО метавонад худи ин иттиҳодро ба фурӯпошӣ оварад. Сергей Лавров чунин тасмими НАТО –ро “қатъан хатарнок” номид ва гуфт, ки Русия баръакс барои кам кардани хароҷоти низомӣ талош хоҳад кард.
“Мо мехоҳем ба ақли солим такя кунем, на ба таҳдидҳои сохтаву беасос, ки аз сӯи кишварҳои НАТО, аз ҷумла аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Полша Радослав Сикорский садо медиҳанд” – гуфт Лавров дар посух ба изҳороти мақомдори Полша, ки гуфт Русия метавонад ба сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтор шавад.
Як масъалаи муҳимми дигаре, ки дар ин нишаст баррасӣ шуд, парвозҳои дронҳои низомии Украина аз болои қаламрави Қазоқистон барои анҷоми зарбаҳо дар хоки Русия буд. Сергей Лавров гуфт, ки “мақомоти низомӣ ва амниятии кишварҳо ин мавзуъро пайгирӣ доранд”.
Сергей Лавров ҳамчунин, ба вазъи сиёсӣ дар Арманистон ишора намуда, гуфт, ки баҳси миёни ҳукумат ва калисои апостолии арманӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. “Ин масъалаи дохилии кишвари ҳамсоя аст, вале ҳамла ба калисое, ки дар тӯли таърих сутуни ҷомеаи арманӣ будааст, мояи ташвиш аст” – гуфт Лавров ва афзуд, ки Русия ҷонибдори ҳалли қонунии вазъ бо эҳтироми ҳуқуқи диндорон ва дигар шаҳрвандон мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Арманистон дар нишасти вазирони СААД иштирок накард. Лавров гуфт, ки “Арманистон ҳанӯз узви комилҳуқуқи СААД аст, аммо увзият на фақат ҳуқуқ, балки иҷрои уҳдадориҳоро, аз ҷумла пардохти саҳмияҳоро талаб мекунад”. Ӯ афзуд, ки Русия ба Ереван ҳич гуна фишор намеорад, аммо агар Арманистон аз шарикони наздики худ рӯй гардонад, ин ба манфиати мардуми арманӣ нахоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”