27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
01.07.2025 07:46

Вазъияти сиёсати дохилӣ баргузор шудани аввалин саммити Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказиро як сол ба таъхир гузошт

Аввалин саммити роҳбарони кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки тибқи нақша бояд дар соли 2025 баргузор мешуд, дар соли 2026 баргузор мешавад. Вазъияти сиёсати дохилии Кореяи Ҷанубӣ яке аз омилҳои ба таъхир гузоштани баргузории саммити мазкур аст.

Муовини вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Пак Юн Ҷу дар ин хусус иттилоъ дода, афзуд, ки қарори ба таъхир гузоштани баргузории саммит ба вазъияти сиёсати дохилии Кореяи Ҷанубӣ вобаста аст. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳама имкониятҳоро баррасӣ намуданд, аммо дар мавриди санаи баргузории саммит ба мувофиқа нарасиданд. Ӯ таъкид кардааст, ки дар соли 2025 сарбории кории роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин, вазъияти сиёсати дохилии Кореяи Ҷанубӣ водор намуд, ки саммити мазкурро дар соли 2026 багузор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки созиш дар бораи баргузор шудани саммит дар тобистони соли 2024 баъди сафари президенти собиқи Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл ба се кишвари Осиёи Марказӣ мувофиқа шуда буд. Интизор мерафт, ки саммити мазкур саҳифаи наверо дар рушди муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои минтақавии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ боз кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.