Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия ва мақомҳои қазоқӣ роҳёбии дронҳои украинӣ ба фазои Қазоқистонро баррасӣ мекунанд
Федератсияи Русия дар бораи роҳ ёфтани дронҳои украинӣ ба фазои Қазоқистон бо оромӣ ва муносибати корӣ амал хоҳад кард.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки хадамоти дахлдори Русия ва Қазоқистон дар ин робита ҳамкорӣ мекунанд.
“Мо ин масъаларо ёдовар шудем ва қайд кардем, ки хадамотҳои марбута, ҳам низомӣ ва ҳам дигар сохторҳои амниятии кишварҳоямон, дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ масъалаи мазкурро баррасӣ доранд”- афзуд Сергей Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия афзуд, ҳамкорони қазоқистонӣ кафолат доданд, ки бо Украина дар хусуси такрор нашудани чунин амалҳо ва пешгирӣ кардани он суҳбат мекунанд ва дар робита ба он чора хоҳанд андешид. Бо ин роҳ Русия бе муроҷиат ва изҳороти пурэҳсосу иттиҳомҳо бо усули муколамаи созанда бо шариконаш масъалаҳоро ҳал мекунад.
Қаблан, дар расонаҳо хабар нашр шуд, ки дронҳои украинӣ аз қаламрави Украина вориди Русия шуда, ба объектҳои низомии ин кишвар осеб расониданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”