27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
30.06.2025 16:54

Ҷавоб ба се саволи муҳим. Аз талаботи бозори меҳнат то касбҳои ояндадору дарозумр

Аз 1-ум то 8-уми июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар даври асосии ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ 112,8 ҳазор нафар довталаб номнавис шудааст. Имсол ҳам довталабони тоҷик аз ҳама бештар ихтисосҳои гурӯҳи панҷум тиб, биология ва варзишро интихоб кардаанд.

Дар матлаби зер мо кӯшиш мекунем, ки доир ба се саволи муҳим: “Пеш аз интихоби касб чиро бояд бидонем?”, “Оё дар интихоби касб озодем?” ва “Касбҳои ояндадору дарозумр кардомҳоянд?” ҷавоб бигӯем.

ПЕШ АЗ ИНТИХОБИ КАСБ ЧИРО БОЯД БИДОНЕМ?

Талаботи бозори меҳнат. Бояд иқрор шуд, ки ҷавонон пеш аз интихоби касб ба талаботи бозори меҳнат кам аҳамият медиҳанд. Дуруст аст, ки вобаста ба малакаҳояшон мехоҳанд ин ё он касбро интихоб кунанд, вале таҳлили бозори меҳнат дар ин раванд яке аз шартҳои муҳим аст. Масалан, барои устошавандае дар соли 2025 беҳтар аст, ки вақти худро ба омӯхтани таъмири мошинҳои нав, махсусан мошинҳои барқӣ, сарф кунад, агар чи қобилияти таъмири мошинҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунандаро дошта бошад. Зеро дар муқоиса ба солҳои пешин истеҳсоли мошинҳои барқӣ бамаротиб зиёд шудааст.

Ба ҳамин хотир, мебояд касберо интихоб кард, ки дар баробари мувофиқ буданаш, дар бозори меҳнат талабгор дошта бошад.

Обрӯ ё нафърасонӣ? Яке аз сабабҳое, ки аксар вақт ҷавонон дар интихоби касб хато мекунанд, дар мадди аввал мондани нуфузи касб аст. Мавқеъ ё рейтинги касб дар ҷомеа баланд бошад хуб аст, аммо набояд инро аз ҳама боло гузошт, зеро касбҳое мавҷуданд, ки ба қавле назарногиранд, вале ба воситаи онҳо мутахассис ба ҷомеа нафъи бештар расонида метавонад. Аз ҷумла, сартарош, пойафзолдӯз, таъмиргари хона, устои мошин, дуредгар, кафшергар, ронанда, зироаткор, роҳрӯб ва ғайраҳо дар ҷомеа аз шумори касбҳои назарногир ҳастанд, вале намояндагони ин касбҳо ба мардум хизмати калон мекунанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳарчанд бархе аз касбҳо дар ҷомеа обрӯи баланд дошта бошанд ҳам, лекин бо гузашти вақт мавқеашонро аз даст медиҳанд ва дар бозори меҳнат нолозим мешаванд.

Чун мақсади ҳар ҷавони тоҷик хизмат ба ҷомеа аст, бояд пеш аз интихоби касб то куҷо нафърасон будани онро бидонад.

Тақлид. Сухани маъмуле ҳаст: “Касбро мувофиқи “андоза”-и худ интихоб кунед”. Яъне баъзан мешавад, ки ҷавонон дар тақлид ба намояндагони ин ё он касб, ки дар ҷомеа мавқеи баланд доранд, касбашонро интихоб мекунанд, вале пас аз таҳсил ва якчанд соли фаъолият пушаймон мешаванд. Дар мадди аввал бояд донист, ки бо тақлиди кӯр-кӯрона ба ашхоси машҳур наметавон соҳибкасбу соҳибмақом шуд. Зеро ашхоси машҳур, ки ба онҳо тақлид карда мешавад, дар натиҷаи меҳнати зиёд ба ин мартаба расидаанд. Бештар омӯхтаанд, дар ин соҳа малака доштаанд ва вақте ки ҷавонон ба сатҳи онҳо намерасанд, аз ин тихобашон пушаймон мегарданд.

Нигоҳи сарсарӣ. Кам нестанд ҳолатҳое, ки ҷавонон шефтаи намуди зоҳирии намояндагони ин ё он касб мешаванд. Аз ҷумла ҳунарпеша, сароянда, журналист ва ғайра. Онҳо фикр мекунанд, ки ин корҳо осону содаанд ва бо заҳмати андаке метавон соҳибном шуд, вале чунин нест.

Ҳоло суҳбати чанд сол пешамон бо ровии радио Субҳон Ҷалилов ёдам омад, ки як сабаби муваффақияташро чунин баён карда буд: “Рӯзи кории ман вақте ба анҷом мерасад, ки ҳама корҳоро иҷро кардаам ва он метавонад соати 19-20 ва ё 21-22 тамом шавад. Дар хотир бояд дошт, ки барои муваффақ шудан чизеро бояд қурбон кард”.

Мувофиқат. Довталабон пеш аз интихоб бояд дақиқ кунанд, ки махсусияти ҷисмонӣ ва равониашон бо касби мехостаашон мувофиқ аст. Касбҳо талаботи худро доранд, ки баъзе аз нуктаҳо барои интихобкунандагон маҳдудият маҳсуб меёбанд. Барои мисол, шахсе, ки аз сӯзандору метарсад ва ба қавле он тарси доимист, пас, маълум мешавад, ки ҳолати равонии ӯ барои табиб шудан мувофиқ нест ва ё бояд ин тарсро аз худ дур кунад, ки ин ҳам кори осон нест. Мисоли дигар, кам нестанд ҷавононе, ки қалами хуб доранд, аммо дард, ҳамон ҷавҳареро, ки эҷодкорро ба навиштан водор мекунад, надоранд ва дар чунин ҳолат онҳо танҳо бо роҳнамоӣ метавонанд чизе эҷод кунанду халос. Яъне эҷодкори мустақил шудани онҳо мушкил аст.

Ҳамчунин, довталабон бояд ҳангоми интихоби ихтисосҳои тиббӣ бо номгӯйи бемориҳое шинос шаванд, ки шахсони ба ин бемориҳо гирифторшуда дар баъзе ихтисосҳои тиббӣ ҳуқуқи таҳсил карданро надоранд.

Ин рӯйхат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва сомонаи Маркази миллии тестӣ дастрас мебошад. Илова бар ин, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ихтисосҳои самти тиб) довталабони дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои ин муассисаҳо комёбшуда аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.

Мутобиқат. Довталаб бояд бидонад, ки доир ба ихтисоси интихобкардааш дар кишвар кадом мактаби олӣ базаи моддиву техникии беҳтар дорад ва вобаста ба имкон муассисаи мутобиқро интихоб намояд. Бо ҳам мутобиқ омадани ихтисос ва донишгоҳ ба фоидаи касбомӯз буда, дар раванди омӯзиш шароити муносиб нақши калидӣ дорад.

Як тиру ду нишон. Агар ҷавонон касбҳоеро интихоб кунанд, ки бо шуғли дӯстдоштаашон мувофиқ ё аз ягон ҷиҳат монанд аст, хеле хуб мешавад, зеро ба ин васила ҳам кореро анҷом медиҳанд, ки барояшон писанд аст ва ҳам соҳибкасб мегарданд. Барои мисол, онҳое, ки вақтҳои бекорӣ ба варзиш машғул мешаванд ва аллакай он ба шуғли дӯстдоштаашон табдил ёфтааст, интихоби соҳаи низомӣ ё варзиши касбӣ қулай ва муфид мебошад.

ОЁ ДАР ИНТИХОБИ КАСБ ОЗОДЕМ?

Дар масъалаи интихоби касб озод будан ва тибқи қобилият ва хоҳишу малака сурат гирифтани он хеле муҳим аст. Вале маълум аст, ки дар бархе аз ҳолатҳо ҷавонон дар интихоби ояндаашон озод нестанд.

Метавон ду сабаби асосиеро номбар кард, ки довталабон зимни интихоби касб озодии худро аз даст медиҳанд ва бо эҳтимоли зиёд дар интихоб хато мекунанд.

Якум, дар умум дар бораи интихоби касб кам фикр мекунанд. Мутаассифона, ҷавононе ҳастанд, ки замони мактабхонӣ дар фикри касби оянда намешаванд ва вақте ки бояд ба мактаби олӣ дохил шаванд, бесаранҷом шуда, бо тавсияҳои дурусту нодурусти атрофиён амал мекунанд. Яъне он вақт дигар масъалаи озод будан, мувофиқи хоҳишу малака интихоб кардан ва заруру нозарур будани касб муҳим нест, балки як роҳ доранд: ҳар чи зудтар ин ё он касбро пазируфта, ба донишгоҳ дохил шаванд.

Омили дуюм дахолати аҳли оила, махсусан падару модар аст. Хушбахтона, ҳоло волидон пофишорӣ намекунанд, ки фарзандашон касби онҳоро интихоб карда, давомдиҳандаи корашон бошад. Албатта, дахолати волидон ҳамон замон хуб аст, ки оҳанги маҷбурсозӣ надошта бошад. Вале вақте ки падар ё модар фарзандашро ба хотире, ки худаш табиб аст, маҷбур мекунад, ки ӯ низ духтур шавад, чандон қобили қабул нест, зеро мумкин аст бар хилофи майлу хоҳиш, малака ва қобилияти фарзандашон бошад.

Шояд он ҷавон хоҳиши дар оянда муҳандис, муаллим ё барномасоз шудан дорад ва қобилияту малакааш дар ин соҳаҳо зиёдтар аст. Пас набояд озодии интихоб аз ӯ гирифта шавад.

КАСБҲОИ ОЯНДАДОРУ ДАРОЗУМР КАРДОМҲОЯНД?

Мо доимо аз пайдоиши касбу кори гуногун бохабар мешавем, аммо кам таваҷҷуҳ мекунем, ки дар чунин ҳолат хатари аз байн рафтани як қатор касбҳо ба вуҷуд омада, миллионҳо соҳибкасб бе кор мемонанд. Мутаассифона, дар замони муосир рӯз аз рӯз хатари аз байн рафтани касбҳо зиёдтар мешавад.

Тибқи гузориши “Jobs of Tomorrow”, солҳои наздик эҳтимоли бекор мондани беш аз 75 миллион нафар дар ҷаҳон вуҷуд дорад, зеро кори онҳоро роботҳо ва дигар навъи техника иҷро мекунад. Дар Оксфорд бошад, бовар доранд, ки зеҳни сунъӣ тӯли 15-20 соли оянда аз ду як ҳиссаи корҳои муқаррариро иҷро мекунад. Масалан, операторони марказҳои тамос метавонанд дар ояндаи наздик бе ҷойи кор монанд, чунки ҳоло кори онҳоро “бот”-ҳо дар сомонаҳо ва паёмрасони “Telegram” иҷро мекунанд.

Мисоли дигар, хазиначиҳо низ эҳтимоли бе кор мондан доранд, зеро ҳоло дар бархе аз фурӯшгоҳҳо хазинаҳои худкор фаъол шудаанд ва харидорон бидуни мамоният пардохт мекунанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки намояндагони касбҳои гуногун ё малакаҳои худро такмил медиҳанд ва ё касбашонро иваз мекунанд. Барои мисол, касби рӯзноманигорӣ аз байн намеравад, аммо соҳибкасбонро мебояд барои аз газетаи чопӣ ба электронӣ гузаштан малакаҳояшонро такмил диҳанд, чун рушди соҳа дар замони муосир ҳаминро талаб мекунад. Яъне дигар маҳдуд мондан бо кор дар барномаи “Word” қобили қабул нест.

Имрӯз пешгӯӣ кардан мушкил аст, ки кадом касбҳо дар даҳ ё бист соли оянда аз байн мераванд. Аммо гуфта мешавад, ки дар солҳои наздик зеҳни сунъӣ ҷойро барои тарҷумон, бархе аз кормандони бонк, мусаҳҳеҳ, фаррош, муҳосиб, копирайтер ва ҳатто ронанда танг мекунад. Аллакай дар бархе аз кишварҳо мошинҳои бидуни ронанда ҳамчун таксӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, ояндаи наздик талабот ба мутахассисони зерин меафзояд:

Барномасоз. Бо рушди босуръати технологияҳои нав эҳтиёҷ ба барномасозон, ки метавонанд вобаста ба талаботи замон барномаҳо таҳия кунанд, дучанд мегардад.

Мутахассиси киберам ният ё коршиноси амнияти иттилоотӣ. Бо рушди интернет ва таҳдидҳои кибернетикӣ, ба ширкатҳо зарурати муҳофизати маълумоташон бештар мегардад. Ин ҷиҳат талаботро ба мутахассисони амнияти иттилоотӣ ба вуҷуд меорад.

3D-дизайнер, веб-дизайнер, дизай нери техникӣ. Бо рушди технологияи виртуалӣ, талабот ба 3D-дизайнерҳо ва веб-дизайнерҳо, ки метавонанд маҳсулоти интерактив ва рақамӣ таҳия кунанд, афзоиш хоҳад ёфт.

Омӯзгори рақамӣ. Бо афзоиши талабот ба таҳсилоти фосилавӣ ва омӯзиши рақамӣ, касб кардани маҳоратҳои рақамӣ муҳим аст. Омӯзгорони рақамӣ барои таҳия ва таълим додани маҳоратҳои рақамӣ ва технологӣ ба донишҷӯён кумак мерасонанд.

Муҳити зист ва энер гияи сабз. Талабот ба мутахассисони тағйироти иқлим, коршиносони панелҳои офтобӣ, муҳандисони гидроэнергетикӣ низ дар ояндаи наздик хеле меафзояд.

Мутахассиси соҳаи солимии равонӣ. Бо афзоиши стресс ва фишорҳои корӣ, эҳтиёҷ ба мутахассисони соҳаи солимии равонӣ яъне равоншиносон зиёд мешавад.

Диетолог ва мутахассиси ғизои солим. Бо афзоиши таваҷҷуҳ ба саломатӣ ва ғизои ду руст, талабот ба мутахассисони соҳаи ғизо ва диетология бештар мегардад.

Менеҷер. Бо пешрафти иқтисодиёт ва рушд кардани ширкатҳо, талабот ба менеҷерҳо, ки метавонанд идоракунӣ, стратегияи тиҷоратӣ ва таҳлили қарорҳоро иҷро кунанд, зиёд хоҳад шуд.

Маркетолог, пиармен (PR-man), контент-менеҷер. Ин мутахассисон барои таъриф ва ба бозор баровардани маҳсулот, муаррифии бренд ва муносибат бо муштариён ёрӣ мерасонанд.

Бо рушд кардани маркетинги рақамӣ ва эҳтиёҷоти доимии брендҳо барои роҳнамоии маркетинги онҳо, талабот ба маркетологҳо ва пиарменҳо дар оянда афзоиш хоҳад ёфт.

Мутахассиси зеҳни сунъӣ. Тибқи таҳқиқоти Ташкилоти байналмилалии World Economic Forum, талабот ба мутахассисони зеҳни сунъӣ ва таҳлилгарони додаҳо, махсусан, ба таҳиягарони нармафзори соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва саноат то соли 2030 босуръат афзоиш меёбад.

Эҷодкорӣ ва санъати рақамӣ. Эҷодкорон ва санъаткорон дар соҳаи санъати рақамӣ, ки мусиқӣ, тасвир (аниматсия), графика ва дигар навъҳои эҷодии санъатро бо истифода аз техникаи муосир меофаранд, дар ояндаи наздик серталаб мешаванд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.